“Тоҷиксодиротбонк” барои муштариён маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард?
Бархе муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ин ниҳоди молӣ барои дорандаҳои кортҳои плостикӣ маҳдудияти нав ҷорӣ намудааст.
Холиқназар Ҷумаев, яке аз корафтодаҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар сафҳаи фейсбуки худ навиштааст, 3 июн дар бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ба ӯ ва даҳҳо муштарии дигар гуфтаанд, мизоҷон танҳо аз ҳамон филиалҳо ва банкоматҳои филиалҳое пул гирифта метавонанд, ки аз ҳамон ҷо корти плостикӣ гирифтаанд.
Ҷаноби Ҷумаев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, воқеан рӯзи шанбе дар бинои асосии бонк, банкомат танҳо ба мизоҷоне пул медод, ки аз Дафтари асосии бонк корти плостикӣ гирифтаанд. Ӯ афзуд, “тибқи қарори нав, мизоҷе, ки корти плостикиашро аз минтақаҳои дигари кишвар гирифтааст, наметавонад дар пойтахт ва ё минтақаи дигар ҳамон 200 сомонии дар як рӯз иҷозатшударо бигирад”.
Абдусалим, як муштарии “Тоҷиксодиртобонк” низ гуфт, се рӯз боз наметавонад маблағи худро аз ин бонк бигирад ва чунин таъхиркорӣ ӯро нигарон кардааст. Ҷумахон як муштарии дигари “Тоҷиксодиртонбонк” дар Фейсбук навиштааст, субҳи имрӯз, 5 июн дар намояндагии ин бонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ барои дастрас намудани маблағ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд ва корманди бонк ба ӯ гуфтааст, “пул надорем”.
Дар ҳамин ҳол, Раҳмоналӣ Мирализода, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” роҳандозӣ шудани маҳдудияти навро барои муштариён рад кард. Ӯ имрӯз, 5 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муштариён метавонанд аз дилхоҳ банкомати бонк тавассути кортҳои плостикии худ маблағҳояшонро бигиранд.
“Тоҷиксодиротбонк” аз шумули чор бонки Тоҷикистон аст, ки ба мушкили молӣ дучор шуд. Баъд аз анҷоми маъмурияти муваққатӣ, ки 7 моҳ идома кард, Тоҷиддин Пирзода, дубора ба курсии раҳбарии бонк нишаст. Ҳоло дорандаҳои кортҳои плостикии бонк дар шабонарӯз аз бонкаматҳо танҳо 200 сомонӣ гирифта метавонанд. Ба мизоҷоне ки амонат гузоштаанд, дар як моҳ дар ҳаҷми 200 доллар (бо арзи миллӣ) дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |