Бахшҳо

“Виҷдон ва боварӣ ба Худованд метавонад аз болоравии нархҳо дар арафаи идҳои мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунад”

Бо пайравӣ аз раиси пештараи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ талош дорад, нархи навои маҳсулоти ниёзи аввали мардумро дар моҳи шарифи Рамазон танзим кунад. Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон дод, ки шаҳрдори собиқ дар ин замина чандон муваффақ нашуд. Дар робита, “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: ОЁ ЗӮРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА НАРХИ НАВО МЕРАСАД? АГАР БАЛЕ, ЧӢ ГУНА ВА АГАР НЕ, БАРОИ ЧӢ?


Саидабдулло НУРИДДИНОВ, иқтисоддон
Ҳукумати шаҳри Душанбе танҳо бо як роҳ метавонад роҳи болоравии нархро дар моҳи Рамазон бигирад. Ин ҳам тамоми намуди андозҳоро дар як моҳ бекор кардан. Дар ин сурат мешавад аз тоҷирон дархост кард, то нархҳоро арзон кунанд. Ва боз Ҳукумати шаҳри Душанбе бояд дар моҳи Рамазон назоратро каме ҷиддитар кунад.

Саидмурод НАБИЕВ, шореҳи масоили иқтисодӣ
Гап дар сари он аст, ки дар танзими нархҳо ва ё аниқтараш ҷилавгирӣ аз болоравии сунъии нархҳо масъала сари зӯр нест. Балки усул аст. Яъне, бо кадом усул ин кор анҷом дода мешавад? Ба фарқ аз солҳои пешин дар танзими нарх имсол шаҳрдорӣ қисман аз усулҳои иқтисоди бозорӣ кор мегирад. Аз ҷумла озод кардани фурӯшандаҳои маҳсулот аз минтақаҳо дар пардохти ҳаққи бозор ва ё ба истилоҳ чек дар Душанбе. Аммо намешавад гуфт, ки нархҳо пурра бо ин тадбир бетағйир мемонад. Чунки дар Рамазон хариди маводи ғизоӣ зиёд мешавад ва ин қонуни бозор аст ки бо бештар шудани талабот нарх боло меравад. Лекин фикр мекунам, талошҳои шарҳдор самар медиҳад, аммо қисман. Набояд мунтазир буд, ки нархҳо тамоман тағйир намеёбанд.

Музаффари ИМОМДОД, фаъоли шабакаи “Фейсбук”
Албатта эътибори Рустам ин масъаларо метавонад ҳал кунад. Вале мушкил дар дигар ҷост. Дар мо иқтисоди бозаргонӣ аст ва он аз раҳбарияти кишвар чандон вобастагӣ надорад. Ин масъаларо мешавад бо зӯрӣ ҳал кард, вале ба таври муваққат. Бо танзими нархи наво дар бозорҳо на шаҳрдори Душанбе, балки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд машғул шавад. Давлат бояд бо бахшҳои хусусӣ дар ин самт вориди рақобат шавад. Боз як омили муҳиме низ вуҷуд дорад, ки метавонад аз болоравии нархҳо дар арафаи идҳои мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунад: ин виҷдон ва боварӣ ба Худованд аст. Инсон бояд дар назди Худованд эҳсоси масъулият кунад, на дар назди раҳбарият.

Раҷаби МИРЗО, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Аслан дар бораи усул ва василаҳое, ки шаҳрдории нав тавассути онҳо мехоҳад нархҳоро ба танзим дарорад, чизе намедонем. На ҷаласаҳое баргузор мекунад, ки мо аз онҳо бохабар бошем, на робитае бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, он тавре ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дошт. Ин ҳам дар ҳоле ки имконоти ӯро дар шароити ҳозира бисёр муассир арзёбӣ карданӣ мешаванд. Ҳади ақалл дар мулоқоти ба истиллоҳ фаъолони пойтахт бо Президент, тамоми шаҳру навоҳиву дастгоҳҳои ҳукумати марказӣ дастур гирифтанд, ки дар ҳалли масоили шаҳрдорӣ ба шаҳрдори наву ҷавон кӯмак намоянд. Вале рӯзҳои аввали Рамазони имсол нишон доданд, ки шаҳрдори нав масалан дар танзими нархҳо ба муваффақияте ноил нагашт, ҳатто арзишҳо чандин маротиба аз пешин боло рафтанд.

Озод кардани савдогарон аз чинишҳои ҳаррӯза дар ин моҳ тадбири нав нест, шаҳрдори собиқ ҳам аз ин роҳ истифода мекард. Дар баробари ин Убайдуллоев ҳамасола аз буҷаи шаҳр ба бозорҳои коммуналии пойтахт то 1 миллион сомонӣ қарзи бефоиз медод ва роҳбарони бозорҳо вазифадор буданд, ки дар шабу рӯзҳои ид маҳсулот биёранд ва то ҷое ба коҳиши нархҳо таъсир расонанд. Дуруст аст, ки баъзан роҳбарони бозорҳо маҳсулоти овардаи худро аз нархи харид ҳам арзонтар мефурӯхтанд, вале аз ҳисоби тайи як сол дар гардиш будани он 1 миллион сомонӣ ин зарар барқарор мегардид.

Шеваи дигари муассир дар замони шаҳрдори собиқ ин робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хеле фаъол будани комиссияҳои депутативу ҷамъиятӣ буд. Ёдам ҳаст, ки мо шабу рӯз кор мекардем, нархи маҳсулоти бозорҳоро бо ҳам муқоиса менамудем, ҳатто ба бозорҳои яклӯхтфурӯшии навоҳии атрофи пойтахт (бозорҳои меваву сабзавот) мерафтем. Дар натиҷа мо гуруҳи калони миёнаравҳоро кашф карда будем, ки ба қавле “аз ҳичӣ пул кор мекарданд”. Онҳо дар бозор нишаста мошинҳои воридшударо “аз худ” менамуданду ҳамин тавр дар як шаб соҳиби маблағҳои ҳангуфт мегаштанд. Аммо ин ба нархи ниҳоии маҳсулот таъсир мерасонд ва як маҳсулот то 4 дастро паси сар мекард, то ин ки ба харидори одӣ бирасад. Онҳо он вақт аз байн рафтанд...

Дигар, монополия шудани маҳсулотҳои гуногуни воридотӣ. Инро доираҳои манфиатдор бисёр хуб медонанд, ки ҳатто ҳар навъи мева ба худ “соҳиби хос” дорад. Маҳз онҳо ин навъи маҳсулотро бояд ворид кунанд, на дигарон. Дар натиҷа нархро низ онҳо хоҳанд гузошт.

Омӯзиши мо нишон дод, ки масалан дар кишварҳои мусалмонии дигар, аз ҷумла мамолики арабӣ, нархҳо барои он афзоиш не, коҳиш меёбанд, ки бозору дӯкону мағозаҳо ба як шабака (сет) марбутанд ва онҳо тасмим мегиранд, ки пешорӯи идҳо ё ҳолати дигар нархҳо чигуна бошанд. Ин ҳам тақрибан як монополияро монад. Аммо он ҷо ба фарқ аз монополистони мо ҳам кори савоб мекунанду арзишҳоро дар моҳҳои мазҳабӣ поин мебаранд, ҳам аз таркишҳои иҷтимоӣ кишварҳояшонро дур мебаранд. Вале “бойбачаҳои” мо ҳанӯз шояд бовар доранд, ки мардуми нодори тоҷик ҳоло ҳам барои пулкоркунии муваққати онҳо бисёр василаи хубу муносиб аст.

Пас, Рустами Эмомалӣ, ки қаблан дар мансабҳои муҳиме чун Кумитаи гумрук ва Агентии зидди коррупсия кор кардааст, фикр мекунед вуҷуди ин масоилро намедонад? Агар медонад, пас то “масъаларо дар ҷояш” ҳал накунад, ба чизе муваффақ намешавад.

Меҳрубон БУРҲОНОВ, муассиси "Dushanbe Business School"
Раиси шаҳр албатта имкони ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳоро дорад. Дар моҳи шарифи Рамазон нархҳо ба таври сунъӣ боло карда мешаванд. Баъдан, сабаби асосии болоравии нархҳо ин аст, ки фурӯшандаҳои мусалмони мо аз ин моҳи муборак сӯиистифода мекунанд. Биёед, таҳлили оддие мекунем: он молу маҳсулоти аввалияе, ки дар ин моҳи муборак фурӯхта мешаванд, қисми бештари он на ин ки аз хориҷ, балки дар дохили кишвари мо истеҳсол мегарданд. Сари мақсад бармегардем. Чӣ гуна раиси шаҳр метавонад аз болоравии нарх ҷилавгирӣ кунад? Дар мадди аввал ба воситаи сохторҳои давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо дар Душанбе. Ба монанди Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки метавонад аз болоравии нархҳо назорат кунад, роҳбарони худи бозорҳои хӯроквории шаҳр низ барои танзими нархи навои бозор масъулияти бештар дошта бошанд ва ҳамчунин зерсохторҳои ҳукумати шаҳр барои танзими нархҳо метавонанд таъсири худро расонанд. Яке аз роҳҳои дигаре, ки метавонад боиси паст гаштани нархи навои маҳсулот дар моҳи Рамазон бошад, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти истеъмолии аввалия ва баъдан дар маҳаллаҳои шаҳр бо кӯмаки “Тоҷикматлубот” фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ бо нархи арзон аст.

Алӣ АЛИЗОД, коршинос
Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуме вуҷуд дорад бо номи қонуни арза ва тақозо. Ҳар қадар, ки талабот зиёд бошад ба ҳамон андоза нарх гузошта мешавад ва ё баръакс. Бо як фармон имкон надорад, ки бозорро танзим кунем. Ва ба таври ҳангуфт боло рафтани нархҳо дар се чор рӯзи ахир ин гуфтаро тасдиқ мекунанд. Барои ин василаҳои дигар вуҷуд дорад. Барои мисол додани баъзе аз озодиҳо ба соҳибкорони хурду миёна, ташкил кардани фазои рақобати баробар ва дастгирии тиҷоратӣ. Бидуни ин ҳама, танҳо дар боло рафтани нархҳо соҳибкоронро гунаҳкор кунем, нодуруст аст.
Мӯҳр
Бечорохои дехконора андози заминошона баланд мекнан.пули барк об ва г. Боз гунахкор махз хамин дехконора мекнан, ки чаро нарха баланд бардошти. Об аз боло лой аст. Агар боло инсоф кна дехконхам чунин. Озоди чоп кун. Номарди накун. Озод бош.

Дехкон
Рачаби Мирзо дуруст мегуяд як махсулот то сахара ба халк расидана аз се-чор даст мегузарад. Дехконро бояд шароит мухайё кард ки озодона чой ёбаду дигар кормандони дохили бозор гам натихан бо нархи арзонтар фурушад.

Тамоми савдогарони бозорора пеш кардан даркор ба чои онхо дехкони ки кор мекунанд аз районхои дур омада худашон борошона савдо кунанд ин савдогарои бозор бовар кунед аз хад гузаронданд ман кариб 90 фоизи инхора мешиносам аз соле ки ман хастам инхо бозора хонаи худашон кардаги аз шахрдори шахр боз як бори дигар хохиш мекунем ин савдогару ханотона аз бозор пеш кардан даркор

Коршинос
Чи даркор иқа савсатаи бемаъне??? Худшона крутой мегиран локин ягон роҳи муносиб пешниҳод када наметонанд ба раиси шаҳр.
Ба Рустамчон ма амира гуфтаниам ки, ягонтаи гирду атрофта гуш наку илоҷаш бошад тез тез муовинҳо ва мушовирота иваз ку. Аввал худшона крутой нишон метан баъд дар бовариат ки даромаданд гашта аму корои пешинаи худшона мекунанд.
Ягонхел фантазияи зийоти даркор нест.2-3 дулан ба хар ноҳия рои ку ягон одамои боваринокат кати прамой аз деҳқон харида биоран дар Душанбе прамой аз Дуланҳо фурушанд.
Дига роҳи ҳал нест. Гапои ҳархел олимои беақлро гуш наку ва вақтатро зоеъ наку Рустамҷон.

995
Азбаски бозор низ чун ширкат ба кайд гирифта шудааст пас бигзор хамчун ширкат худаш мол ворид намояд ва е аз истехсолкунандаи аввалия мол харад ва пас хамчун ширкат аз номи худ мол фурушад.Бачои миенаравхо фурушандахоро ба кор кабул намояд.Дар холи хозир ба чуз ичорадихи ва чекчини дигар чи мекунад?Агар хокимият ба нарххо дахолат кардан хохад бо роххои кам кардани андозхо додани карзи имтиезнок дахолат карда метавонад агар не пас не.Баъдан маданияти истеъмоли хам каме коста шудааст солхои охир каме пурхур шудаем.Мардум худ метавонад ба эътидол овардани нарх кодир бошад чигуна?Масалан нархи картошка ки аз меъер хеле баландрафт пас биеен як хафта намехарем пас чи мешавад нарх худаш паст мешавад.Баъдан вазорати иктисод бояд хадди нихоии болонархи (наценкаро) барои хар як намуди мол тасдик намояд.Ба иктисоди бозаргони бояд одат кард агар не ханнотон чор тангаи моро хурда моро бо худ танхо мегузоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)