Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро як зина беҳтар кард
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки дирӯз, 1 июн нашр шуд, мавқеашро як зина тағйир додааст.
Мунтахаби футболи кишвар, ки моҳи гузашта бо 205 имтиёз зинаи 138-ро муаррифӣ мекард, дар раддабандии нав бо ҳамин имтиёз дар ҷойи 137 нишастааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар ҷойи 62-юм қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи 100, Қирғизистон 132 ва Туркманистон дар зинаи 143–юманд.
Мунтахаби Бразилия дар феҳристи нави ФИФА бо 1715 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Аргентина (1626 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Олмон (1511 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд. Чили, Колумбия, Фаронса,Белгия, Португалия, Швейтсария ва Испания шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Бозии расмии тими миллии кишвар 13 июн дар доираи даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Осиё-2019 бо яккачини Флиппин дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |