Душанбе, 31 Марта 2025
Имом-хатиб: Волидони ноболиғоне, ки ба масҷид меоянд, ҷарима мешаванд

Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Қарамишқори пойтахт мегӯяд, аз ин ба баъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар назди масҷидҳои шаҳри Душанбе истода ва ҳар ноболиғеро, ки барои адои намози таровеҳ меояд, сабти ном ва волидонашро ҷарима мекунанд.
Имом-хатиби масҷиди Қарамишқор имрӯз, 2 июн дар поёни мавъизаи қабл аз намози рӯзи ҷумъа аз намозгузорон даъват кард, қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро аз омадан ба масоҷид манъ кунанд. Ӯ гуфт, вуруди ноболиғон ба масҷид барои гузоштани намоз хилофи қонуни мазкур аст ва гузашта аз ин баъзан ноболиғон қоидаи ҳузур дар масҷидро риоя намекунанд. Вай даъват кард, мусалмонон бояд ба фарзандони ноболиғи худ бифаҳмонанд, ки то ба балоғат расидан намозҳои худро дар хона бигузоранд.
Имом-хатиб афзуд, имрӯз нозири минтақавӣ ба масҷид омада ва бори дигар таъкид намудааст, ки ба волидон хотирасон шавад, то аз омадани фарзандонашон ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ гуфт, шурӯъ аз имрӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар назди дари тамоми масҷидҳо истода ва нободиғонеро ки ба масҷид меоянд сабти ном ва волидони онҳоро ҷарима мебанданд. Вай дар охир аз ҳозирин даъват кард, ҳарфҳояшро дуруст дарк намоянд ва дар ростои риояи қонун масъулиятшинос бошанду онҳоро ҳам дар ҳиҷолат намонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |