Ошкор шудани наздики 500 телефони мобили қочоқӣ дар Суғд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани 480 телефони мобилии тамғаи “Samsung SM-B350E”-и истеҳсоли Чин хабар додааст, ки “бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ” аз Қирғизистон ворид гардидааст.
Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд зимни як амалиёт анбори ҶДММ “Роҳи Сомон”, воқеъ дар шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин анбор ба як сокини 37- солаи шаҳри Хуҷанд таааллуқ доштааст. Манбаъ мегӯяд, телефонҳои мобилиро ба воситаи сабукрави “Опел-Вектра” (бо рақами қайди давлатии Қирғизистон) ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудаанд: “Моли дар боло зикргардидаро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳрванд Акпарҷон Ачилови 37- солаи сокини шаҳри Хуҷанд, аз Идибек ном шахс қабул намуда, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар анбораш пинҳон намудааст”.
Манбаъ меафзояд, тибқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон арзиши умумии ин телефонҳо 160 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад: “Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шахсони муайяннашуда бо номи Идибек ва Диёр парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |