Душанбе, 31 Марта 2025
Шӯрои уламо: Агар масҷид иҷозати расмӣ надорад, наметавонед намози ҷумъа бихонед
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хондани намози ҷумъаро дар масоҷиде, ки иҷозаи расмӣ барои адо кардани намози ҷумъаро надоранд, ҷоиз намедонад.
Масъулини ин шӯро дар посух ба суоли як корбари торнамояшон бо номи Комил, ки навиштааст, “дар масҷиди мо намози ҷумъаро манъ кардаанд. Дирӯз ба ҷойи ҷумъа намози пешин хондем. Мо чӣ кор кунем?”, чунин навиштаанд: “Агар дар масҷиди шумо баргузор кардани намози ҷумъаро манъ карда бошанд, шумо наметавонед, ки дар он ҷо ҷумъа бихонед, зеро яке аз шартҳои иқомати ҷумъа иҷозати расмӣ аст. Агар дар наздикии шумо масҷиди ҷомеъ бошад, метавонед дар он ҷо намози ҷумъаро бигузоред”.
Давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон дари даҳҳо маконе ки ҳамчун масҷид истифода мегардид бо далели надоштани санади расмӣ баста шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |