Бунёди Сорос роҳҳои рушди зудҳангоми кӯдаконро меомӯзад
Барномаи “Инкишофи барвақтии кӯдак”-и Институти “Ҷамъияти Кушода”–Бунёди Мадад дар Тоҷикистон давраи бозомӯзиеро баргузор мекунад, ки дар он равандҳои фарогири кӯдакон, волидон ва муаллимон аз кӯдакии зудҳангом омӯзонда мешавад.
Дар ин давраи бозомӯзӣ намояндагони муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии таҳсилоти томактабӣ ва мураббиёни гуруҳҳои синни барвақтӣ, мудирони муассисаҳои кӯдаконаи томактабии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок хоҳанд кард. Бозомӯзӣ ба ташаккули ҳамкории касбӣ оид ба иҷрои фаъолияти таҳсилотӣ дар самти инкишофи кӯдакони синни барвақтӣ, такмили масъулияти мураббиён, ки ҳамарӯза бо кӯдакони синни барвақтӣ оид ба ташкилкунии раванди таҳсил кор мекунанд, нигаронида шудааст. Ҳадафи ин давра мусоидат намудан ба инкишофи ҳар як кӯдак ва дар маҷмӯъ бо ҷалб кардани волидони онҳо мебошад.
Ин давраи бозомӯзӣ дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки ба гуфтаи дастандаркорони он дар кишвар барномаҳои мақсаднок оид ба омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос барои мураббиёни гурӯҳҳои синни барвақтӣ қариб вуҷуд надорад. Мураббиён аз донишҳои методикаҳои муосир ва технологияҳои кор барои инкишофи кӯдакони синни барвақтӣ маҳруманд, ва танҳо бо парастории кӯдакон машғуланд.
Ин давраи бозомузӣ ба такмили нерӯи соҳаи инкишофи кӯдакони синни барвақтии томактабӣ мусоидат мекунад. Иштирокчиёни он намояндагони институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, шуъбаҳои маориф, дониш ва малакаҳояшонро оид ба методикаҳои интерактивӣ барои кӯдакони синни барвақтӣ такмил мебахшанд, ки барои ин давра ду мураббии варзида Елена Красовская ва Виктория Дробишевская аз Белорус даъват шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |