“Эй модар, падар, мо лахти ҷигар”. Гузориш аз Хонаи кӯдакони №1 (АКС+ВИДЕО)
Доштани соат, ҷузвдони духтаронаи зинҷирадор, лухтак ва либоси “Бен тен” аз асоситарин орзуҳои Нозанин, Самеъ, Сумайя ва аксари тифлакони Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе мебошад. Хабарнигори “Озодагон” дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон меҳмони ин Хонаи кӯдакон шуд ва бо чанде аз онҳо суҳбат кард. Бештари ин кӯдакон гуфтанд, мехоҳанд дар оянда омӯзгор ва табиб шаванд. Рукатмо Мигниева, директори Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин муассиса 101 кӯдаки аз 3 то 7 сола тарбият мегиранд: “Тарбиятгирандагони мо пас аз 7-солагӣ ба Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои кӯдакони ятими кулл фиристода мешаванд. Кӯдаконе, ки аз ноҳияҳо ҳастанд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои ноҳияҳо равона карда мешаванд”. Хонум Мигниева мегӯяд, дар муассисаи онҳо 9 гуруҳ мавҷуд аст, ки 2 гуруҳи онро атфоли имконияташон маҳдуд ташкил медиҳад. VIDEO
Ин муассиса аз ҷониби ҳукумат ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо сару либос ва хӯрока таъмин мешавад: “Соҳибкорон низ метавонанд ба муассиса ёрӣ расонанд”. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон намояндаҳои ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, Донишгоҳи технологӣ, Пойгоҳи 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон ва афроди алоҳидае меҳмони ин муассиса шуда, барои кӯдакон туҳфаҳо овардаанд. Дар ин муассиса кӯдакони нимаятим ва ятими кулл қарор доранд. “Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе муассисаи мо дарҳои кушод дорад, ки падар ё модари тифлакон ба дидорбиниашон омада, касоне, ки вазъи иҷтимоии хуб доранд, фарзандони худро мебаранд”, -изҳор дошт директори Хонаи кӯдакон. Ба гуфтаи ӯ, тифлаконе, ки падар ё модар доранд ва баъзан бо сабабе ба дидорбинии онҳо омада наметавонанд, кӯдакон зиёд ғамгин мешаванд: “Аз ман мепурсанд, ки чаро имрӯз модарам наомад, мегӯям, ки шояд бемор аст. Дар ҷавоб кӯдакон мегӯянд, агар онҳо наметавонанд, ки моро баранд, шумо ҳам наметавонед?” Рукатмо Мигниева афзуд, кӯдакон рӯзона машғули бозиҳо шуда, зиёд фикр намекунанд, аммо шабона зиёд ғамгин мешаванд: “Шабҳо вақте дар болин сари худро мегузоранд, дида мешавад, ки худро танҳо ҳис мекунанд. Ман ҳамеша ба муррабияҳо таъкид мекунам, ки шабона бо кӯдакон аз ҳад зиёд меҳрубон бошед ва нагузоред, ки ғамгин шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31