Вин Дизел дар бораи Рамазон: Барои ҳар нафар чунин таҷриба муфид аст (ВИДЕО)
Вин Дизел, ҳунарманди шинохтаи синамо дар як навори кутоҳи видеоӣ аз моҳи Рамазон тавсиф кардааст.
Дар ин навор, ки Френч Монтана, як овозхони амрикоии мароқандтабор дар саҳифаи “Instagram”-аш нашр кардааст, Дизел фарорасии Рамазонро ҷашни хеле муҳим мехонад.
Вин Дизел бо ишора Монтана мегӯяд, ифтихор дорад, ки бародараш “Рамазонро таҷриба мекунад”. Ӯ меафзояд, барои ҳар нафар чунин таҷриба хеле муфид хоҳад буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |