Таркиши Кобул 80 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт
Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди кушташудаҳои таркиши субҳи 31 май дар Кобулро 80 нафар гуфт. Расонаҳо аз қавли сухангӯи ин ниҳод ҳамчунин аз захмӣ шудани беш аз 320 нафар хабар медиҳанд.
Вазорати умури дохилии Афғонистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, барои ба маҷруҳон додани хун ба беморхонаҳо биёянд.
Таркиш дар Кобул дар маҳалле ба вуқӯъ пайваст, ки онҷо Қасри раёсатҷумҳури Афғонистон, дафтари Созмони милали муттаҳид, Академияи улуми Афғонистон ва чандин сафоратхонаҳо, аз ҷумла Тоҷикистон қарор доранд. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳарчанд ин таркиш дар 1-киломтерии бинои сафорат рух дода, хеле қавӣ буд, аммо ба бино ва кормандон осеб нарасондааст.
Ба гуфтаи сухангӯи пулиси Кобул, инфиҷор дар наздикиҳои даромадгоҳи сафорати Олмон рух додааст.
Алъон ҳеч гуруҳе масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |