Дастури Президент барои парвозҳо ба Чехия: Созишнома тасдиқ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон созишнома барои роҳандозии парвозҳо миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехро ба тасвиб расонд.
Тибқи қарори ҳукумат, ки моҳи равон аз сӯи раисиҷумҳур имзо гардид, Вазорати нақлиёт ва сохторҳои дигар муваззаф шудаанд, то парвозҳо миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Чехро амалӣ кунанд: “Созишномаи ҳукуматӣ дар бораи роҳандозии парвозҳо миёни Тоҷикистону Чехия 1-уми декабри соли 2016 дар шаҳри Прага имзо шуда буд ва моҳи равон аз сӯи раисиҷумҳур тасдиқ гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон супориш додааст, то ҷониби Чехияро огоҳ кунад, ки расмиёти дохилӣ барои амалӣ кардани ин созишнома анҷом дода шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |