Бахшҳо

Кӯлоб: Дар Мӯъминобод ҳатто як трактори тасмачарх вуҷуд надорад

Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон беш аз 11-ҳазор замини корам мавҷуд аст, ки дар аксари ин заминҳо ғалла мекаоранд.


Тибқӣ иттилои Сафаралӣ Зокиров, райиси ноҳияи мазкур имсол бо сабаби барвақт омадани сармо ва боридани барфу борони зиёд кишоварзон натавонистаанд, шудгор ва кишти ғалладонаро мувофиқи мақсад ба анҷом расонанд.Зокиров мегӯяд, дар асоси нақша мебоист то моҳи декабр беш аз 6-ҳазор гектар майдони киштро ба анҷом мерасонидем. Вале бо айби намии зиёд ва лой дар заминҳо, тракторҳо натавонистанд, ба майдон дароянд. Гузашта аз ин, ба қавли райис дар ҳудуди ноҳия ҳатто як трактори тасмачарх набудааст, то дар заминҳо корҳои шудгоркунӣ гузаронад. «Дар бисёр маврид, тракторчиёни ноҳияи Шӯрообод барои кӯмак дар мавсими кишт ба Мӯъминобод омада, шудгор мекунанд».

Ба гуфтаи манбаъ, то рӯзи 15-уми декабр тақрибан 50-фисад корҳои шудгоркунӣ ва кишти ғалладона дар заминҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки тақрибан 10-фисади кишт дар ҳудуди ноҳия ба анҷом нарасидааст. Ҳатто заминҳои ҳамроҳи роҳи нақлиётгард, ки дар аксари маврид масъулин барои худнишондиҳӣ аввал ин мавзеъҳоро шудгору кишт мекарданд, низ ягон гектараш кишт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки 100-ҳо гектар замини кишти ноҳия дар мавзеъҳои ба истилоҳ таҳдашт  қарор доранд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)