Ҳалокати як ҷавони 18-сола дар “Кӯли Ҷавонон”
Як сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар “Кӯли Ҷавонон”-и пойтахт ғарқ шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса баъд аз зуҳри сешанбеи 30 май ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, давоми 5 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд расидааст: "Чунин ҳодисаҳои нохуш бештар дар вилояти Хатлон (17 далел) ва вилояти Суғд (11 далел) рух додаанд, ки аз беназоратии волидон гувоҳӣ медиҳанд".
Дар зимн, вазорат аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |