Дар Туркманистон бештар аз 50 "гюленӣ" боздошт шуд
Давоми як моҳ дар вилояти Лебапи Туркманистон бештар аз 50 нафрро бо гумони ҳамдастӣ дар "ҳаракати Гюлен" боздошт карданд.
Ниҳодҳои қудратии Туркманистон хабар меҳиданд, ки шаби 23 апрел дар шаҳраки Остона Бобои вилояти Лебап рейди густардае барпо шуд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи боздоштшудаҳо муҳассилин ва омӯзгорони пешини литсейҳои туркӣ ҳастанд. "Соати 10 шаб мақомоти қудратӣ ба хобгоҳи омӯзгорон даромаданд. Он шаб ҳафт омӯзгор ва се меҳмон боздошт шуд. Рӯзи дигар боз ду нафар омӯзгор ва чаҳор корманди маркази таълимии шаҳри Атамират боздошт шуд",-хабар медиҳад як манбаъ аз мақомот.
Сарчашмаҳои дигар низ ин хабарро тасдиқ мекунанд. Ба ин тартиб, сар аз 23 апрел давоми як моҳ дар Лебап силсилаи боздошти "гюлениҳо" идома кард. Сарчашмаҳо мегӯянд, ин навбат соҳибкорон ва сокинони соҳибнуфуз, ки ба муассисаҳои таълимии туркиву туркманӣ рабте доштанд, боздошт гардиданд.
Дар бораи боздошти "гюлениҳо" дар Туркманистон бори аввал моҳи октябри соли гузашта хабар расид. Бори аввал тоҷирони маъруф боздошт шуданд. Он замон аз боздошти 150 нафар хабар дода мешуд. Бархеҳо озод ва бархеи дигар ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |