Сӯхтор дар манзили Мулло Ҳайдар Шарифзода (АКС)

Оташнишонҳо зарари расида аз сӯхтори 28 май дар манзили Мулло Ҳайдар Шарифзода, раиси Шӯрои уламо дар минтақаи Кӯлоб ва имом-хатиби масҷиди Имоми Аъзами ин шаҳрро беш аз 20 ҳазор сомонӣ мегӯянд, аммо наздикони вай иддао доранд, ҳаҷми зарар хеле бештар аст.
Манзили Мулло Ҳайдар дар маҳаллаи “Пашшадара”-и шаҳри Кӯлоб воқеъ аст ва тавре худи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, панҷ хона бо долон пурра сӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, Оишамоҳ Шарифова, духтари бузурги Ҳайдар Шарифзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тамоми ҷиҳози хона хокистар шудааст: “Дар ҳавлӣ ду келину хоҳарам бо кӯдаконаш қарор доштаанд. Танҳо баъди шунидани садо, ки ба шикастани шиша монанд буд, ба хона меоянд, аммо як қисмати хона аз алангаи баланди оташ сӯхта буд”.
Ӯ мегӯяд, сабаби асоси сӯхтор барои онҳо маълум нест: “Кормандони оташнишонӣ яхдонро сабабгори сӯхтор медонанд, аммо яхдон дар пешайвони хона буд”.
Аз Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, дар бораи сӯхтор соати 14:00-и 28 май ба онҳо хабар расидааст: “Мо дар муддати як соат тавонистем пурра оташро хомӯш созем. Комиссия муайян намуд, ки зарари расида зиёда аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Аммо духтари Мулло Ҳайдар мегӯяд, ҳаҷми зарар хеле бештар аз ин рақам аст. /size]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |