Эълони ҳукми қотил ва ҷузъиёти қатли тиллофурӯш
Додгоҳи шаҳри Душанбе Хушвахт Олимов, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро барои қатли Гулнора Насирова, тиллофурӯши 52-сола ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи қарори додгоҳ Олимов, сокини ноҳияи Восеъ дар баробари одамкушӣ инчунин дар ғайриқонунӣ рондани мошин, тасарруфи молу мулк ва роҳзанӣ гунаҳкор дониста шуд.
Зимни мурофиаи додгоҳи муайян шудааст, ки Олимов 2 марти соли 2017, тахминан соатҳои 07.00 бо худ корди хочагӣ гирифта, дар маҳаллаи 82 пушти дарахт камин мегирад: “Гулнора Носирова соатҳои 07:50 ҳамроҳи хизматгорзанаш ҷомадонҳои тилловориро бароварда, дар бағоҷи «Лексус RX-350» мегузорад. Баъдан ба хона бармегардад ва ин дафъа дубора танҳо ба назди мошинаш бармегардад. Мошинро ба кор дароварда ва мунтазири гарм шудани он мешавад. Дар ин лаҳза Олимов ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда мешинад ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ў 14 зарбаи марговар мезанад. Дар натиҷа Насирова ба ҳалокат мерасад”.
Тибқи маводи парванда Олимов тани беҷони ҷабрдидаро ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда гузашта, худаш мошинро ба самти деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб рондааст: “Қотил аз дохили мошин телефони мобилии тамғаи «Iphone-6s» бо арзиши 4950 сомонӣ ва 954 адад маснуоти заргарии тиллоиро ба миқдори махсусан калон тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ба шаҳри Душанбе бармегардад”.
Бар асоси маводи парванда Олимов маснуоти ғораткардаашро 2 ва 3 март дар бозори “Корвон” фурӯхтааст.Акс аз "Ховар"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |