Ёрии Ҳилоли Аҳмар ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе (АКС)

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба се мактаб-интернати ҳудуди шаҳри Душанбе кумак намудааст.
Нодир Аминзода, як масъули бахши иттилооти Ҳилоли Аҳмар ба “Озодагон” гуфт, ин кумакҳо 29 май ба хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашуда, хонаи кӯдакони №2 ва хонаи кӯдакони синни то мактабии №1 расонда шуд. Ба гуфтаи ӯ, ироаи кумакҳо дар пайи дархости роҳбарияти ин хона-интернатҳо сурат гирифтааст: “Тавассути ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ин ниёзмандон орд, шакар, гӯшти гов, гӯшти мурғ, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, матрас, болишт ва дигар маводи зарурии ниёзи кӯдакон тақдим карда шуд”.
Ба иттилои Аминзода, дар гузашта низ ҷамъият ба оилаҳои ниёзманд кумак кардааст. “Махсусан, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ба 500 хонаводаи ниёзманди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кумак намуда, рӯзи 22 апрели соли 2017 бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувейт ба зиёда аз 900 оила аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ (ноҳияҳои Рушон, Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ) кумак намуд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |