Тайи муддати 2 моҳ шунавандаҳои зиёда ба радио занг зада, номзадҳои аразандаи хешро ба ин озмун пешниҳод карданд. Дар шабакаи иҷтимоии Facebook низ ҳамин гуна пурсиш ҷо карда шуда буд, ки корбарони он ба воситаи овоздиҳӣ беҳтаринҳоро ба рӯйхат шомил карданд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Субҳон Ҷалилов, муҳаррир ва ровии барномаҳои фарҳангӣ- фароғатии радиои «Ватан» иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ба рӯйхати мазкур ҳудуди 192 нафар ворид гардида, ҳайати доварон зимни се нишаст 50 нафари беҳтаринро муайян кардаанд. Бино ба қавли сарчашмаи хабар маросими супоридани ҷойизаҳо рӯзи 20 декабр, соати 18:00 дар меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» баргузор мешавад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |