Муовини муфтии Русия: Тоҷикон бо садои дилнишинашон Қуръонро зиннат медиҳанд
Рӯшан Аббосов, муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия гуфтааст, бисёре аз қориҳо ва олимони Қуръони маҷид дар Русия аз Тоҷикистон ҳастанд. Ӯ бо зикри ин нукта афзудааст, қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишину гӯшнавозашон зиннат медиҳанд.
Аббосов афзуда, “ҳамин як далел гувоҳ бар пешрафти мактаби ҳифзу қироати Қуръони карим дар Тоҷикистон аст”.
Муовини аввали муфтии Русия дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии "Sputnik Тоҷикистон" нақши тоҷиконро дар густариши Ислом ва фарҳанги исломӣ дар ҷаҳон умуман, ба вижа Русия барҷаста хондааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола дар моҳи мубораки Рамазон минтақаҳои мусалмоннишини Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар назди “Масҷиди ёдбуди шуҳадо”, ки дар Поклонная гора (хиёбони Минская, 2Б) ҷойгир аст, “Хаймаи Рамазон” баргузор мешавад ва ҳар шом бо навбат ифтор баргузор мекунанд. Имсол ин барнома аз 27 май то 25 июн баргузор мешавад: “Бино ба ҷадвали барномаи ифтор, навбати Тоҷикистон “Хаймаи Тоҷикистон” дарашро соати 21:05 ба рӯи рӯзадорон боз хоҳад кард”. Акс аз Супутник
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |