Тоҷирон беинсофанд ё мо беинсофона меандешем?
Азизи НАҚИБЗОД,
Махсус барои “Озодагон”
Ҳар сол дар моҳи Рамазон, ба хусус дар арафаи Иди фитр нархи хурокворӣ дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон боло меравад. Ҳар сол мақомот ба савдогарон супориш медиҳанд, то нархҳоро боло набаранд. Ҳар сол борони нафрину хашми харидорон ба сари фурӯшандагон меборад: -Инҳо инсоф надоранд, бевиҷдонанд, танҳо дар ғами киссаи худанд. Магар мусалмонӣ чунин аст?...
Аммо касе намегӯяд, ки сабаби болоравии нархҳо чист? Ҳеч кадоме аз мо намегӯем, ки шояд худамон беинсофона меандешем. Касе фикр намекунад, бозор қоидаҳои худро дорад ва савдогарон низ мушкилоти зиёд доранд. Ва бозорҳои Тоҷикистон аз бозорҳои дигар кишварҳо тафовут дорад. Танҳо дар кишвари мо барои ҳар чорабиние аз тоҷирон пул ғун карда мешавад.
Барои ҳалли масъала пеш аз ҳама бояд аз баҳри мафкураи “бригадирӣ” бароем. Дигар на Шӯравӣ ҳасту на колхозу на совхоз. Пас супориш додани савдогарон, ки молатро ба ин қиммат неву ба он қиммат фурӯш мантиқӣ нест. Мол дигар моли давлат нест, моли хусусии бозаргон аст. Пас бо чӣ ҳаққе метавонем, ба эшон амр диҳем?
Савдогарон аз кабудиву мева то қанду равғану ғайраро аз яклухтфурӯшон мегиранд ва асосан аз 10 то 20 дарсад гаронтар мефурӯшанд. Аз ин 10-20 дарсаде, ки ба болои арзиши аслӣ гузошта мешавад, харҷҳои иҷора, андоз, чекпулӣ (дар бозорҳо) ва ғайраро аз ин тарҳ намоем, савдогар 4-5 дарсад фоида мегирад. Беш аз ин вақте фурӯшанда фаразан қандро аз яклухтфурӯш 7 сомонӣ гирифта бошад, чӣ гуна метавонад ба мо 6 сомонӣ фурӯшад?
Пеш аз он ки фурӯшандаҳоро ба ноинсофӣ муттаҳам кунем, оё боре таваҷҷуҳ кардаем, ки нархи иҷораи як мағоза дар Душанбе чӣ қадар аст? Дар маркази шаҳри Душанбе як метри мураббаъи мағоза 20 доллар аст! Гӯшаҳои шаҳр 15-10 доллар. Яъне, агар дар маркази Душанбе сад метри мураббаъ мағозаеро ба иҷора гиред, танҳо 2000 доллар иҷорапулӣ медиҳед. Ба болои ин пули обу барқу андоз...
Тасаввур мекунед ки ҳар мағоза соле барои Тоҷикстандарт як маблағи муайян пардохт мекунад. Барои чӣ? Посух надорад. Посух биҷӯӣ аз корат мемонӣ! Ва тамоми хароҷот ба дӯши фурӯшанда-иҷорагиранда мебошад. Соҳиби мағоза танҳо иҷорапулӣ гирифтанро медонад. Ёддовар бояд шавем, ки аз оғози ҳамин сол ҳаҷми андози мағозаҳо низ то 100 дарсад боло бурда шуд. Ҳоло фурӯшанда бояд коре кунад, ки ин дарсадро ҳам аз ҳисоби мо харидорон ҷуброн кунад.
Яке аз сабабҳои болоравии нархҳо болоравии арзиши доллар аст. Фаромуш накунем, ки 70 дарсади маҳсулоти хӯрокворӣ аз хориҷ ворид карда мешавад. Ва имсол дар арафаи моҳи Рамазон Бонки миллӣ арзиши долларро ба дараҷаи чашмрас боло бурд. Пас чи гуна метавон аз тоҷир арзонфурӯширо тақозо кард?
Сабаби дар арафаи идҳо боло рафтани нархҳо агар аз як сӯ зиёд гардидани талабот бошад, аз сӯи дигар ҷуброни харҷҳои гарони дар муддати сол пардохтшуда мебошад. Ин танҳо дар тасаввури мо харидорон савдогарон ҳар рӯз фоида мегиранд. Дар асл чунин нест. Тоҷирон рӯзҳо ва моҳҳо бо заррар кор мекунанд. Ба умеди як рӯзи хуб, мавсими савдо...
Ҳеч мушкиле ки роҳи ҳал надошта бошад вуҷуд надорад. Пас роҳи арзон намудани маҳсулот кадом аст? Дар кутоҳмуддат масалан мешавад, тоҷирони яклухтфурӯш (воридкунанда)-ро дар моҳи Рамазон аз ААИ (НДС) озод намуд. Дар бозорҳо, ки бештарашон давлатианд, дар моҳи Рамазон савдогаронро аз иҷорапулӣ ё чекпулӣ метавон озод кард. Мағозаҳоро ҳам дар ин моҳ ё бояд аз андоз озод намоем ё ҳадди аққал андозашонро ба 50 дарсад поин барем.
Аммо дар дарозмуддат бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои давлатӣ таъсис дода шаванд. Давлат ҳамеша захираи маҳсулоти заруриро дошта бошад. Ва мағозаҳои давлатӣ табиист, ки аз имтиёзҳои гумрукиву андоз баҳравар мегарданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ молашонро ба мардум бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мекунанд. Ва он вақт давлат ҳақ пайдо мекунад, то амр диҳад ё фармон кунад, ки гарон нафурӯшед! Чун мағозаи худаш,моли худаш ва фурӯшандаи худаш аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |