Созишҳо барои истифодаи энергияи атомӣ, харитасозӣ ва мубориза бо сохтакориҳо
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон имрӯз, 26-уми май зимни ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Қазон чандин созишномаро имзо кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти созмони ИДМ сарвазирони кишварҳои узв аз ҷумла созишномаҳо дар бораи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, мубориза бо истеҳсол ва паҳни маҳсулоти қалбакӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи харитасозию геодезияро имзо кардаанд.
Аз ҷумла ҷонибҳо созишнома дар бораи истифодаи муштараки маҷмааи атомӣ дар Қазоқистонро имзо намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки “созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна” моҳи феврали соли равон зимни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Раисиҷумҳури Русия зимни он сафар изҳор дошта буд, ки “созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта имкониятҳои навро барои ҳамкорӣ дар ин соҳа фароҳам меорад. Ин пеш аз ҳама ҳалли масоили экологӣ мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |