Маҳмадалӣ Ватанов афзуд, аснои санҷиш ва гуфтугӯ бо роҳбарони мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Санкт-Петербург маълум шудааст, ки дар куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон маҳалгароён ё тоссарҳо даст надоранд. Ӯ мегӯяд, айни замон ягон далел дар мавриди он, ки сари ҷасад бурида шудааст, вуҷуд надорад. Натиҷаи ташхиси генетикӣ маълум намудааст, ки дар ҷасади Бахтиёр Расулов пайи корд вуҷуд дошта, баъдан он дар дохили автомашина сӯзонида шудааст ва натанҳо сар, балки дигар узвҳои бадани ин ҷасад сӯхта ва аз ӯ қисмати ками баданаш боқӣ мондааст.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл бо супориши райиси МН Шукурҷон Зуҳуров вакили палатаи поёнии парлумон, ҳуқуқшинос Маҳмадалӣ Ватанов ҷиҳати аз наздик ошно шудан бо рафти корҳои тафтишотии сабаб ва омилҳои қатли шаҳрванди Тоҷикистон рӯзҳои 6 то 11 декабри соли равон ба пойтахти шимолии Русия сафар карда буд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |