Элизабет Миллард: Моҳи шарифи Рамазон муборак
Сафири Амрико дар Тоҷикистон мардуми мусалмони Тоҷикистонро бо моҳи Рамазон табрик кард.
Хонум Элизабет Миллард дар як паёми кутоҳи видеоӣ, ки саҳифаи Фейсбуки сафорат нашр намуд, бо забони тоҷикӣ мегӯяд: “Дӯстони азиз, ассалом! Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак”.
Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон 22 май дар пайи як ҷаласа аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазонро шанбеи 27 май эълон кард. Ин ниҳод, ҳамчунин нисоби закотро 22 ҳазору 950 сомонӣ муқаррар намуда, гуфт, “нафароне ки дар хона аз 22 ҳазору 950 сомонӣ зиёд доранд, бояд аз он 575 сомонӣ закот диҳанд”.
Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муайян шудааст: “Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |