Бахшҳо
25 май 2017 14:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси бозори “Деҳқон”: Намегузорем дар Рамазон қимматфурӯшӣ кунанд (АКС)

Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори “Деҳқон” мегӯяд, имсол дар моҳи Рамазон иҷозат нахоҳанд дод, ки тоҷирон нархи маҳсулотро тариқи сунъӣ боло баранд.

Наҷмиддинов имрӯз, 25-уми май дар ҳошияи боздиди гуруҳи хабарнигорон аз бозори “Деҳқон”, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон феълан бо беш аз 200 хоҷагии деҳқонӣ аз Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеи марказ дар мавриди таъмини маҳсулот шартнома бастаанд.

Ӯ гуфт барои қимат нашудани нархҳо, аз фонди бозор, ки феълан 60 ҳазор сомонӣ аст, истифода хоҳанд кард. Наҷмиддинов илова намуд, ки нархномаи 12 намуди маҳсулоти ниёзи аввалро пешниҳод кардаанд, ки дар қиёс бо нархҳои моҳҳои пешӣ то 20-25 фоиз арзонтар мебошад. Ба гуфтаи раиси бозори "Деҳқон" вобаста ба сифат орди навъи 1 аз 150-170 сомонӣ, биринҷ аз 5 то 12 сомонӣ, картошка аз 2 то 4 сомон, пиёз аз 1 то 2 сомонӣ, сабзӣ аз 2 то 2,5 сомонӣ, гӯшти гов аз 30 то 36 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд аз 35 то 36 сомонӣ, помидор аз 2,5 то 6 сомонӣ, бодиринг аз 1,5 то 2,5 сомонӣ фурӯхта хоҳад шуд.

Ӯ таъкид намуд, ки давоми моҳи шарифи Рамазон тоҷиронро аз пардохти ҳаққи “чек” озод хоҳанд кард. Тоҷирони бозори мазкур андозро асоси гаронии нархҳо гуфта, афзуданд, ки агар ақаллан дар моҳи Рамазон андозро 10-20 фоиз сабук кунанд, имкон доранд, нархро боз поинтар баранд.

Абдумаҷид Ҳакимзода, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, ки хабарнигоронро зимни ин боздид ҳамроҳӣ мекард, изҳор дошт, ки барои назорати нархҳо ва иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт комиссияи махсус ташкил шудааст.

Мӯҳр
Акмал
Ташакур ба чунин сохибкороне ки дар н мохи бузур дар мохи шарифи рамазон фикри халки мусалмонро мекунад. Лекин хастанд нафароне ки он дунеи худро фикр накарда барои маблаг шуда дар ин мохи бузург мохи гайр нархи молу махсулотро боло бурда халки мусалмонро дар холати ногувор карор медиханд.

Мансур
Хаммаи ин як тараф. Имрузхо дар бозорхои мо нарху наво дар чи холат карор дорат? Дар омад омади мохи шараифи рамазон яке аз бозорхои яклухти бузурги Душанбе бо номи «Саид Халим» мебошад. Раиси ин бозор Саидов Шухрат ном ба ин мохи хайр нигох накарда бозорхои шахрамонро бо молхои нисбатан ба дигар рузхо кимат таъмин мекунад.

бе ном
да бозори дехкон киматияй

беном
Дар бозири деҳқон ҳама чиз қиммат нархи памидо аз 7 соиони боло

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)