Бахшҳо

Масъулини “Нигоҳи нав”: 15 ҳазор сомонӣ қарздор шудем...

Созмондиҳандаҳои Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии ҷавонон -- “Нигоҳи нав” мегӯянд, 15 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, бояд ин маболиғро то моҳи июн пардохт кунанд, аммо намедонанд ин қадар пулро аз куҷо меёбанд.

Масъулини ҷашнвора далели қарздориашонро “даст кашидан аз ҳамкории яке аз сарпарастони лоиҳа ва ба қадри зарурӣ кумак карда натавонистани шарики дигарашон дар пайи нофаҳмоиҳои тарафайн” унвон мекунанд: “Мо маҷбур шудем маблағҳои мавҷудбударо аз ҳисоби дигар бахшҳо ба самтҳои зарардида равона кунем. Ҳоло бояд то оғози моҳи июн қарзҳоямонро пардохт кунем, аммо аз куҷо ва чӣ гуна, бароямон муаммобарангез аст”.

Онҳо меафзоянд, аз ҳама дӯстону наздикон ёрӣ хостанд, аммо дар замони буҳронӣ касе имкони кумакро надорад: “Ҳамагӣ як роҳ мондаст, ки аз кадом бонке қарз гирему баъдан бо даст додани имконият моҳона онро пардохт кунем”.

Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо созмондиҳандаҳо аз сатҳу сифати ҷашнвораи имсол розӣ ҳастанд ва меафзоянд, меҳмонон ҳам аз Тоҷикистон розӣ рафтанд. Шашумин Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” имсол аз 16 то 20 май баргузор шуд. Имсол он ба 100-солагии ҳунарманди тавоно Мушарафа Қосимова бо иштироки намояндаҳои Эрон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Бар аоси муқаррароти ҷашнвора дар он танҳо намоишҳои бо сабку услуби нави театрӣ аз тарафи коргардонҳои зери 35 сола таҳияшуда намоиш дода мешавад. Ҳайати доварон аз ин қабил буд: Коргардон Ирода Саййа (Озарбойҷон), ҳунарманд Олга Коржева (Қазоқистон), коргардон-драматург Али Обидӣ (Эрон) коргардон Қурбон Собир (Тоҷикистон).

Ҳакамон Ҷоизаи беҳтарин нақши лаҳзавиро ба Ёсамин Раҳмонӣ аз намоишномаи “Хунмурдагӣ”-и Ҷумҳурии исломии Эрон доданд. Намоишномаи “Наход ман набошам...”-и Тоҷикистон ҷоизаҳои беҳтарин нақши мардона Бежан Давлатов ва коргардони беҳтарин Тереза Заурбековаро сазовор шуд. Ҷоизаҳои таваҷҷуҳи тамошобин, беҳтарин нақши занона ва ШОҲҶОИЗА-ро намоишномаи яккаактёрии “Орзуи Наташа” аз Федератсияи Русия бо худ бурд. Ба намоишномаҳои кишвари Қазоқистон ва Қирғизистон ҷоизаҳои махсуси доварон эҳдо гардид.

Гуруҳи тадорукоти ҷашнвораи “Нигоҳи нав” мегӯяд, давоми 5 рӯзи ҷашнвора ҳайати 45 нафараи меҳмонон ва иштирокчиёнро бо ҷойи хоб, роҳкиро ва се вақт хӯрок таъмин намуданд. Баргузор намудани вохӯриҳо, мизи мудаввар, маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи Лучоб, ба ҷойҳои таърихӣ ва зебои кишвар, қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб ва шаҳри Норак бурдани меҳмонон ҷузъе аз ҷашнвора гардид: “Ҳамаи меҳмонҳо бо дили шод ва эҳсосоти аҷиб аз кишвари мо берун рафтанд. Далелаш то имрӯз дар саҳфаҳои иҷтимоиҳояшон акс гузошта ба мардуми Тоҷикистон ташаккур мегӯянд”.

Гуруҳи тадорукот мегӯяд, нигоҳ накарда ба ҳамаи проблемаҳо аз кори худ шоданд: “Моро зарур буд аз 8 кишвари хориҷ гурӯҳҳои иштирокчиро биёрем аммо ба 5 кишвари иштирокчӣ ва як кишвари довар муваффақ шудем, ки таърихи 10 солаи охири театр шоҳиди он нашудааст. Инҷо, дар ин Ватан, дар соли ҷавонон баргузор шудани ҷашнвораи театрӣ ки ҳаммаи иштирокчиён ва бинандагонаш аксар ҷавононанд фоли нек аст. Қарздори воқеан сахт аст аммо умедворем роҳи ҳаллашро пайдо кунем”.

Созмондиҳандаҳо умед доранд, ки бо кумаки афроди хайрхоҳ қарзҳояшонро пардохт мекунанд.
Мӯҳр
дӯст
"...нигоҳ накарда ба ҳамаи проблемаҳо..." - калка аз русии "не смотря на..." мебошад, ки дар забони тоҷикӣ беҳудаю беҷой ба кор бурда мешавад.
Дар ин гуна маворид бояд гуфту навишт: "Бо вуҷуди...бо вуҷуди ҳама мушкилот"...

э не, бовар нест ки карзидор шуда бошан. о ягон чизи дуруст надоштану чиба вохима мекунан. ман ду рузи авалашба будаму дидам ки арзиши вактсарфкуни надора рафтам пайи корам. Камтар хурдан даркор буд охи. Аввалхояш дар соли гузашта соз буду имсол кирои гапзани хам намекунад. Ба фикрам ба ягон нафараш нарасидаст. Ба фикрам бояд ин корро вазорати фарханг ташкил карда пул чудо мекард ки чавонон ягон кори дуруст кунанд. Имсол чизе карда натавонистед карзатонро худатон ёбед.

Акрам
"Озодагон", чи мешуд агар ТОЧИКИ ва ФАХМО нависед: "бидеҳкор", "маболиғ"... - ин чи гап аст. Ягон эрни доред дар байнатон? МО мефахмем, ки таърихи сафорати Эрон ба шумо зиёд, вале итари бадам не дааа

Салом Хуршедчон...офаринат ки он ду рузхам вакт сарф карда омади ба тамошо агар омада боши. "Нигоҳи нав" имсола 10ғҳо маротиба болотар сатҳаш аз солҳои гузашта буд. Инро ман не мутахасисони соҳа баҳо доданд. Агар ба таъби нозукбини Шумо мувофиқ наомада бошад ин мушкили мо не, чун Шуморо таъбатон болотар аз дидгоҳи ҷашнвораи "Нигоҳи нав" аст. Агар ба Шумо ду се соли аввал хуш омада бошад ба ин ҳам шукр. Лекин дар таърихи 10 солаи охири театр кай намоише аз кишвари Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ё Русия сарҷамъ дар як ҷашнвора дида будед?
Дар самти хурданҳову камхурданҳо ва супоридани қарзҳо бовари дорам мутахасис ё корманди театр нести вагарна ин ҳарфҳоро намезади. Барои исботаш шахсан ман омодаам бо Шумои азиз ру ба ру суҳбат кунам мо чи қадар хурдему ҷи қадар қарздор шудем ва барои чи?
Ҳарфи охир:-Офаринат эй бародар, ки ба ин ҳад зиндаи,
Бовари дори ба ин нобовари.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)