Муҳоҷирони тоҷикро сабабгори аслии баргузор нагаштани бозии футбол дар гаронтарин майдони ҷаҳон медонанд
Сабабгори аслии баргузор нагаштани бозии футбол дар гаронтарин варзишгоҳи ҷаҳон – “Зенит-арена”-и Русия на мансабдорони дузд, балки тоҷикони сохтмончӣ гуфта мешаванд. Онҳоро дар он муттаҳам медонанд, ки “аз ҳад зиёд дар ҳар гӯша пешоб кардаанд”.
Торнамои rupolit.net мегӯяд, ташхисгарони аз ҷониби мансабдорони фасодкор интихобшуда сабаби корношоямии майдонро ба баланд шудани мизони аммиак рабт дода ва дар ин кор муҳоҷирини тоҷикро гунаҳкор донистаанд: “Мансабдорони дузд тасдиқ мекунанд, ки тоҷикон ҳоҷати худро дар ҳар куҷо ки рост омад, бароварда мекунанд, дар варзишгоҳ бошад, ҳавокашҳо (вентилятсия) кор намекунад”.
Ба иттилои манбаъ, муттахасисони “Роспотребнадзор” баъди санҷиш гуфтаанд, дар варзишгоҳ сатҳи аммиак 2,5 маротиба баланд аст.
Варзишгоҳи “Зенит-арена” дар ҷазираи Крестови шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018 бунёд гашта, маблағи сохтмони он бештар аз 1 миллиард доллар гуфта мешавад. Қаблан мутахассисон сабзаи майдонро барои баргузории бозӣ созгор нахонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |