Э.Раҳмон корҳои вазнин барои занонро мамнуъ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон корҳои вазнин ва зарароварро барои занони кишвар мамнуъ кард.
Тибқи қарори ҳукумат, ки аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта имзо шудааст, ҳама гуна меҳнати занон дар соҳаи куҳкорӣ, корҳои зеризаминӣ ва сохтмони иншооти зеризаминӣ мамнуъ мебошад.
Ба соҳаҳои мамнуъ барои занон инчунин баъзе бахшҳои коркарди метал ворид гардидааст.
Дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, меҳнати занон дар боркашии дастӣ ва бардоштани вазни зиёд манъ мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро муваззаф намудааст, ки иҷрои қарори мазкурро назорат кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |