Ҳунармандони тоҷик зери раҳбарии Зевар Давлатзода ба Туркманистон мераванд
Аз 27 май то 2 июни соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Манбаъ ҳадафи баргузории ин чорабиниро “таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон, муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷикон” унвон кард: “Дар доираи ин рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои “Тоҷикистони муосир”, муд ва либосҳои миллӣ, “Китоби Тоҷикистон” ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст”.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарии ҳайати расмии чорабиниро Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ба уҳда дорад: “Ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳо Ситораи Кароматулло, Хуршед Иброҳимов, Парвин Юсуфӣ, Бахтиёр Баёнӣ шомиланд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |