Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз шоу-консерти бахшида ба Рӯзи ҷавонон (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шоу-консерти идона, бахшида ба Рӯзи ҷавонон баҳои баланд дод.
Ин барномаи ҳунарӣ шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамроҳ бо писари бузургаш – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз минбар онро тамошо мекард, дар поёни шоу-барнома аз сатҳи баргузории консерт изҳори қаноатмандӣ кард: “Бениҳоят дар сатҳи баланд буд. Истеъдодҳои ҷавон суруду мусиқиҳои нав, умуман барнома дар сатҳи баланд буд. Табъи мардуми Тоҷикистонро бениҳоят хуш гардонидед. Анна хамин аст ҷавонӣ”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома чанд бор пайи ҳам ба ташкилкунандаҳову иштирокдорон аҳсану офарин гуфт ва афзуд, “ҷавонон, ман бори дигар ба шумо таъкид мекунам, бе ягон хушомаду тарс, ояндаи давлату миллат дар дасти шумост, ин ватан ватани шумост, ин сарзамини аҷдодӣ сарзамини шумост. Мо бояд илм омӯзем, касб омӯзем, ҳунар омӯзем, Ватанамонро соҳибӣ кунем, бунёд кунем, рақс кунем, суруд хонем, мусиқӣ навозем”.
Дар ин шоу-барнома, ки ба таври мустақим тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, хонандаҳои маъруфи попи тоҷик, бо шумули Садриддини Наҷмиддин ва Шабнами Сурайё ҳунарнамоӣ карданд.
Акс аз Дафтари матбуоти Президент
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |