Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол” бо 96 имтиёз ва чаҳор бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 95 имтиёз ва як бозии боқимонда дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Равшан” бо 89 имтиёз мақоми сеюмро касб кардааст, боз ду бозии дигар анҷом хоҳад дод.
Тавре манбаъ илова намуд, дастаи «Истиқлол» новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш як бозӣ бо «Равшан» ва ду бозӣ бо «Регар-ТадАЗ», пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан», ки ҳадди ақал бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, баҳри ба даст овардани медалҳои нуқра талош доранд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |