Ҳукумат: Дигар маълумотнома аз гумрук даркор нест
Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагиҳои ширкатҳои хусусиро тағйир додааст.
Тибқи қарори ҳукумат, ки моҳи гузашта аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо шудааст, минбаъд зимни қайди шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва намояндагии ширкатҳои хориҷӣ маълумотнома аз мақомоти гумрук дар бораи содироту воридоти мол талаб карда намешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе шаҳрвандон аз давутози зиёд зимни бақайдгирӣ ва бастани корхонаю созмонҳо шикоят карда буданд. Маълумотнома аз гумрук ҳатто аз афроду созмонҳое талаб карда мешуд, ки ҳеч рабте ба тиҷорат надоштанд ва ба додугирифти мол машғул набуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |