3 маслиҳати Мирхоҷа ба вазири тандурустӣ: Ба духтуронатон бигӯед...
Ато Мирхоҷа, шоири шинохтаи тоҷик, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар хитоб ба Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустии кишвар масъалаи дер омадани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва саривақт нарасондани кӯмаки тиббиро ба миён гузоштааст.
Ато Мирхоҷа имрӯз, 23 май бо нашри як муроҷиатнома дар сафҳаи фейсбукияш аз Олимзода хостааст, “ба духтуронатон бигӯед, ки дар кадом шифохона ё дармонгоҳе, ки набошад, бемори мурдаистодаро бидуни таъхир ва қайду шарт қабул карда, ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонанд. Дар акси ҳол, табибонатон аз ҷаллод ягон фарқе надоранд. Хоса, агар мошинҳоятон ба сабаби надоштани «мгалка» беморро сари вақт ба шифохонаи ёрии таъҷилӣ бурда натавонанд”.
Ӯ дар идома маслиҳат додааст, ки “кушиш кунед, ки мошинҳои ёрии таъҷилиятон «мгалка» дошта бошанд. «Мгалка» асбобест, ки дар болои мошин шинонда шуда, бо чароғҳои милтмилткунанда ва бонги хатар роҳи автомобилгардро барои мошини ёрии таъҷилӣ холӣ мекунад”.
Маслиҳати сеюми ноиби раиси Иттифоқи нависандагон ба вазири тандурустӣ ин аст, ки муҳлати ба сари бемор расидани мошини ёрии таъҷилиро дар шаҳри Душанбе аз 45 дақиқа кам кунад, зеро ба гуфтаи ӯ дар зарфи 45 дақиқа кайҳоннавард Титов мадори атрофи Заминро як маротиба чарх зада буд.
Ин маслиҳатҳо дар ҳоле нашр гардидаанд, ки қаблан ҳам бархе сокинон аз дер расидани мошини ёрии таъҷилӣ ва таъхиркорӣ дар расондани ёрии тиббӣ дар Душанбе шикоят карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |