Бахшҳо
23 май 2017 09:35Тоҷикистон / Сиёсат

Вазири Амороти Араб ба Тоҷикистон меояд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Шайх Абдулло ибн Зойид ал Наҳён, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.

Тибқи иттилои ин ниҳод сафари Шайх Абдулло 25-уми майи соли равон дар назар аст.

Инчунин манбаъ афзуд, ки 20-24 майи соли 2017 ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Мӯҳр
Агар тоҷикон каме ба забономӯзӣ майл медоштанд, бо донистани забони англисӣ, онҳо рафта бемалол дар сохтмонҳои Аморот кор мекарданд. Ҳоло онҷо тамоми корҳои сохтмониро, аз коргари оддӣ то муҳандис, ҳиндуҳо анҷом медиҳанд; бе таъқибу, фишору дашноми пулис. Мисли, ки дар Русия аст. Ҳукумати Тоҷикистон бояд барномаи махсусе дар бораи рушди забони англисӣ дар макотибу литсей ва донишгоҳҳо қабул кунад. Мо мехоҳем, намехоҳем, забони англисӣ солҳост, ки забони тамоми дунё аст. Ҳатто мебояд, ки баъзе фанҳои дақиқро ба мисли матем ва физика, бо гузаштани чанд муддат, бо забони англисӣ омӯзонида шавад. "Рафиқстратегӣ" хафа мешавад, гуфта, мо набояд дар тараққиёт ақиб монем. Маълум аст, ки вақте ки зойеъ рафт, дубора барнамегардад.

Антиараб
Юсуф,
Хиндуву бангладешиву покистони дар кишвархои бойи араб ранги гулом хастанд ва бар ивази маблаги ночиз мехнати сангин мекунанд! Мехохи точики бечора гуломи шайхи араби пулмасту зинокору бачабоз шавад?!

Антиараб,
Магар тоҷик дар Русия шоҳ аст?

Антиараб,
Ин эҳсосоти ту аввалан аз бадбинии арабҳо бошад, сониян аз оне, ки ман ба забони англисӣ таваҷҷуҳ талаб кардам. Ба тубаринҳо фақат Русия бошад, бас. Пишаки русу Русияро "пишт" гуфтӣ, ҷонашон мебарояд. Ман бисёр шунидаам, ки мардикорони тоҷик ба дасти бандитони рус афтидаанд, онҳоро истисмор карда, пулашонро надодаанд. Инхелҳо ҳазор-ҳазоранд.
Дуввум инки, ба хориҷи кишвар бояд одами кордону коршинос рафта, бо қарордод (котракт) кор кунад. Он ноҳ ҳуқуқи ӯро касе нақз карда наметавонад. Ба дасти шахсони алрҳидаи бадахлоқу бадхӯ афтӣ, шояд мисли, ки ту шарҳдодӣ, шояд ҳамин тавр бошад. Агар дар Аморот вазъ ба он дараҷа бад мебуд, одамон аз тамоми дунё ба онҷо рафта, кору зиндагӣ намекарданд. Оё ту медонӣ, ки дар Аморати Дубай хориҷиён аз мардуми бумӣ дида зиёданд. Маълумоте, ки ту дорӣ, ба Аморот дахл надорад. Аморот давлати пешрафтаи нимаврупоӣ аст. Китоб хондан даркор, ошно.

Антиараб
Юсуф,
Точики бечора дар хама чо гулом аст!!! Вале дар Русия маблаги бештар аз Аморат кор мекунад!! Точик аксар ки бесавод аст, дар Аморат гайр аз кори вазнини сохмон дигар коре аз дасташ намемеояд, ки маош 200 доллар аст. Барои хиндуву баншладеши ин маблаги калон аст. Вале барои точик ночиз!!! Араб хеч гох пешрафта намешавад. Як дар Ютуб даромада ба холи кудакони 5 солаи покистони нигар, ки шайхони Аморат онхоро чи гуна дар пойгахои шутуррони истифода мебурданд, аз чумла амири Дубай. Араб чохил буд ва мемонад!!!!

Юсуф,
баъд ба маълумоти ту бояд расонам, ки точикро дар Русия аз рус дида точики худаш зиёдтар мекушад ва "кидать" мекунад!!! Инро хама медонад

Антиараб,
Бале, ан барои ҳамин ҳам бояд маърифати миллатро, саводнокии ӯро баланд бардоштан даркор. Шоир беҳуда нагуфтааст: "Дониш андар дил чароғи равшан аст..." марди бесавод дар ҳама ҷо хору саргардон аст. Фисқу фасоду фаҳшу фуҷур бошад, дар ҳама ҷо ҳаст. Ш.Душанбе аз он истисно нест. Аз шунидани ман баъзе ашхос хонаҳои худро фоҳишахона кардаанд. Соатаки ба клиентҳо ба иҷора медиҳанд. Хоҳ бо занак ба онҷо рав, хоҳ бо мард. Ба араб ман ҳам чандон муҳаббат надорам. Ҳар кас худашро донад.
Ва баъдан, аз ҳамаи ин камбудиҳо Русия кам не, балки зиёд аст. Агар ба Русия қувваи арзони корӣ даркор намешуд, он давлат барои мардикорон кайҳо режими виза ташкил мекард. Тавре мебинем, ин корро накард.
Ва дар охир. Бисёре аз ҷавонони тоҷик дар супермаркетҳои Дубай фурушанда шуда, аз 2000$ боло маош мегиранд. Ҳоло онҷо барои 200 долл касе кор намекунад. Ин маълумот хеле кӯҳна аст. Ман мехоҳам, ҷавонони мо бештар дониш гиранд, вале аксар аз китобхонӣ дида, аробакашӣ ё дигар кори вазнини ҷисмониро афзал медонанд, ё гирифтори дасисаҳои муллоҳо мешаванд. Ин бадбахтии мост.

Антиараб
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)