Шӯрои уламо ба судяшавандаи ҷавон: Зулм накунед
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як ҷавони донишҷӯй, ки оянда додрас шуданист, дар бораи пайомадҳои хатои судяҳо аз нигоҳи шариат иттилоъ додааст.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо дар хитоб ба ин ниҳод изҳор доштаст, ки “ман ҳоло донишҷӯ мешавам, аммо дар фикр мондам, судя ё қозӣ шудан мехоҳам. Агар дар давоми фаъолиятам ба ҳайси судя хатое кардам, фардои қиёмат чӣ ҷазо мегирам?”
Шӯрои уламо посух додааст, ки “бародари азиз агар шумо дар оянда ба мақсадатон расед, дар ҳар коре ҳастед, бояд дар вақти коратон ба касе зулм накунед ва зарар нарасонед, Худованд дар касбу коратон баракат медиҳад. Агар мабодо зулм кунед ва ё зарар расонед, дар рӯзи қиёмат ба ҷазои сахт гирифтор мешавед. Расули Худо (с) мефармоянд: “Зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”. Инчунин мефармоянд: “Дар Ислом зарар расонидан ба худ ва дигарон вуҷуд надорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |