“Баъди қабули қонуни танзим хароҷоти шаҳрвандон 3 маротиба коҳиш ёфтааст”
Баъди қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пасандози мардум аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфт. Ин нуктаро Муслиҳиддин Хоҷамиров, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иброз доштааст.
Ӯ 22 май дар ҳамоише ба муносибати 10 солагии қабули қонуни танзим дар шаҳри Душанбе гуфтааст, баъди қабули ин қонун хароҷоти шаҳрвандон ҳангоми баргузории маъракаҳо 3 маротиба коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷамиров, бар асоси оморҳое, ки аз дигар вазорату идораҳо пешниҳод кардаанд, баъди қабули ин қонун ҳамасола пасандози шаҳрвандони кишвар аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз пурра риоя нагардидани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур дод, сари ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хараҷотҳои зиёдатӣ ҷиддан чораандешӣ намоянд. Ӯ таъкид намуд, ки мансабдороне, ки дар баргузор кардани маъракаҳо қонунро нақз мекунанд, аз вазифа сабукдуш хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |