Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии шароит барои сайёҳони мусалмон
Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси саёҳати мусалмонон 2017” (Global Muslim Travel Index) мақомашро дигар накарда, дар ҷойи 26-ум нишастааст.
Ин раддбандӣ, ҳамасола аз ҷониби ширкатҳои CrescentRating ва MasterCard таҳия шуда, 130 кишвари дунёро фаро мегирад. Гузориш дар асоси муқоисаи шароитҳо барои саёҳати мусалмонҳо, сифати хизматрасонӣ, дастрасии маҳсулоти ҳалол, имконоти ҷойгиркунии саёҳон ва барномаҳои бозорёбӣ таҳия шудааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф буда, дар ҷойи 17-ум қарор гирифтааст. Қирғизистон дар зинаи 25, Узбакистон дар ҷойи 28, Туркманистон бошад дар раддабандӣ оварда нашудааст. Дар садри раддабандӣ, Малайзия, дар ҷойи дуввум Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар зинаи сеюм Индонезия ҷой гирифтаанд.
Давлатҳои Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Марокко, Баҳрайн, Уммон ба даҳгонаи аввали раддабандӣ шомил шудаанд. Таҳиягарон Никарагуа, Боливия, Уругвай, Салвадор ва Колумбияро дар охири радабандӣ қарор додаанд.
Бар асоси таҳлили ширкати CrescentRating дар соли 2015 дар ҷаҳон 117 миллион мусалмон саёҳат кардааст, ки ҳамагӣ 10 фисади бозори саёҳии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамо то соли 2020 шумораи саёҳони мусалмон ба 168 миллион нафар расида, маблағи гардиши бозори сайёҳӣ ба беш аз 200 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |