Шӯрои уламо: Тақвимҳои нашршудаи Рамазон дуруст нестанд
Шӯрои улмои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон, ки дар кӯчаҳо фурӯхта мешаванд, дуруст нестанд.
Як масъули ин ниҳод имрӯз, 22 май дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, Шӯрои уламо ҳанӯз рӯзи аввали фарорасии Рамазонро расман эълон накардааст. Аз ин рӯ тақвимҳои нашршуда нодурустанд. Ин дар ҳолест, ки тақвимҳо аз номи Маркази исломии Тоҷикистон нашр шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи Шӯрои уламо имрӯз шурӯъ гардид ва то соати 12:00 идома хоҳад кард.
Давоми чанд рӯзи ахир дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон ба фурӯш гузошта шудааст. Дар яке аз ин тақвимҳо рӯзи аввали Рамазон 26 май ва дар дигаре 27 май нишон дода шудааст.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |