Манбаъ: Ҳамла ба афсари амният дар Кӯлоб аз қабл тарҳрезӣ шудааст

Дар робита ба ҳамлаи як афсари Кумитаи давлатии амнияти милӣ дар шаҳри Кӯлоб шаш нафар дастгир шудааст.
Манбаи “Озодагон” аз мақомоти интизомӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо ҳамагӣ сокини шаҳри Кӯлоб буда, ба истиснои як нафар дигарон дар як сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кор мекардаанд. Сину соли боздоштшудаҳо аз 24 то 31-сола будааст: “Аз онҳо чор адад корд, се адад куртаи варзишӣ, як адад шими ҷинсу пойафзоли варзишии хунолуд ва як телефони мобилӣ ёфт шудааст, ки дар содир намудани ҷиноят истифода бурдаанд”.
Ба иттилои манбаъ, гумонбарон гуфтаанд, ҳамла ба афсари амниятро расо 2 моҳ қабл тарҳрезӣ намуда, танҳо шаби 13 май барои анҷоми он муваффақ шудаанд.
Ҳамла ба афсари амният шаби 13 май дар назди манзили иҷораи ӯ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб (пушти бинои қаҳвахонаи “Шабчароғ) ба вуқӯъ пайваст. Наздикони ӯ ба “Озодагон” гуфта буданд, ба бадани ӯ беш аз 20 корд задаанд.
Манбаъ таъкид намуд, дастгиршудаҳо ба ҳамла ба корманди Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рабте надоранд. Шоми 17 май дар хиёбони Исмоили Сомонӣ лейтинанди калон Марям Шарифзода мавриди ҳамла қарор гирифт. Хонум Шарифзода ба “Озодагон” гуфт, вақте барои пур кардани тавозун берун баромад, дар назди гузаргоҳи манзилаш ба ӯ ҳамла карда, нахуст бо мушт ба шикамаш задаанд. Мегӯяд, ҳамлавар дар даст кадом як чизи бурандае дошт ва дасташро харошид. Ӯ ҳамлаварро як марди қоматбаланд ва бо риши миёна тавсиф кард ва гуфт, вақте баланд фарёд зад, вай ва ҳамроҳи дигараш фирор карданд. Модари ин корманди пулис аз фарёди духтараш ба берун баромада ва ӯро дар ҳолати беҳушӣ пайдо мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |