Бахшҳо

Президент: Бекорию камбизоатӣ ба ифротгароию терроризм мусоидат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 21-уми май дар ҳамоиши сарони кишварҳои олами Ислом ва ИМА дар шаҳри Риёз дар бораи афзоиши тундгароӣ, заминаҳои он, сӯиистифода аз номи Ислом ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон суҳбат кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд: “Дар натиҷа терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд. Ҳамчунин, мавриди нигаронист, ки дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарзоро касб кардааст. Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Дар иртибот ба ин, ман борҳо изҳор доштаам ва боз ҳам таъкид карданиам, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ноамниҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон гуфтааст, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон истифодаи васеи Интернет бо мақсадҳои ғаразноки таблиғи ғояҳои ифротиву тундгароёна ҷиддан тақозо менамояд, ки мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо низ дар ҳамбастагӣ сурат гирад.

Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки бекорӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари омилҳои алоҳидаи рӯҳиву маънавӣ ба зуҳури тундгароӣ ва терроризм мусоидат менамоянд: “Дар ин замина дастгирии рушди бахшҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ амри муҳим ба назар мерасад. Ба андешаи мо, мусоидат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар роҳандозии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ василаи самарабахши аз байн бурдани заминаҳои тундгароӣ ва таъмини суботи фарогир маҳсуб меёбад”.
Мӯҳр
Шерали
Президенти мо туппа турги мега. Хама бекору камбизоатанд. Дар ин росто хаддиакал маошу нафакаи шахрвандонамонро бардоштан ба манфиати халк аст.

Саъид
Дуруст аст, ки холо аксари сиёсатмадорон махсусан рохбарони кишвархо сиёсати духураро рохандози мекунанд! Мисол мераванд дар мачлисхои кишвархои ИСЛОМИ иштирок мекунанд, вале дар кишварошон мусалмонон дар холи табохе карор доран!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)