Мураббии маъруфи тоҷик бо “Терек” хайрухуш мекунад
Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дар поёни ин мавсим дастаи “Терек”-и Грознийро тарк мекунад.
Мураббии 52-сола гуфтааст, дар ин мавзӯъ бо раҳбарияти даста гуфтугӯ дошт: “Дар мусобиқа тими мо як бозии дигар анҷом медиҳад, моро зарур аст барои он омодагӣ бигирем, баъди рухсатӣ бошад, ситоди нави мураббиён ба кор оғоз мекунад”.
Ба гуфтаи Раҳимов ҳоло дар бораи идома додани карерааш фикр намекунад.
Соли сипаришуда, Рашид Раҳимов барои ташхиси вазъи саломатиаш ба пойтахти Австрия рафта буд. “Спорт-Экспресс” он замон аз қавли Аҳмад Айдамиров, ноиби президенти “Терек” хабар дод, ки Раҳимов баъди ташхис дар Маскав ба Вена рафтааст: “На табибони рус ва на табибони Австрия ҳанӯз натавонистаанд, бемории ӯро мушаххас намоянд. Умедворем, давоми ин ҳафта вазъ беҳтар мешавад”.
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Пермро тамрин додааст. Аз 7 ноябри соли 2013 ба сифати сармураббии “Терек”-и Грозний фаъолият мекунад. Моҳи майи соли равон, Раҳимов ба унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон” сарфароз гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |