Бахшҳо

Ба чӣ ниёз дорем: Арзишгаройӣ ё намоишкорӣ?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳалае қарор дорад, ки мешавад онро марҳалае байни арзишгаройӣ ва намошкорӣ номид: гиройишҳо ба намоишкорӣ бештар аст.


Зоҳиран ҳукуматдорон дар сатҳи баланд аз як ҳукумати арзишгарой суҳбат мекунанд, вале он чи дар воқеияти рӯзгори мо мегузарад, намоишкорист. Ин аст ки бояд тафовут ва бартарии арзишгаройиро ба намоишкорӣ гуфт.
Арзишгаройӣ, арзишмеҳварӣ ва ё арзишмадорӣ (valuism) дар ҷомеашиносӣ садоқат ва пойбандии ҳукумат ва ҷомеаро ба масоиле дар бар мегирад, ки барои рушди давлату миллат муҳиммияти арзишӣ доранд. Масалан агар ба таври содда ҳарф занем, ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи инсонро “арзиши олӣ” эътироф кардаанд, вале дар ин кишварҳо арзише, ки ҳеч эътибор надорад ҳуқуқи инсон аст. Ин хилофи арзишмадорӣ аст ва ин гуна ҷомеаҳо, ки бештар намоишкоранд, дер ё зуд “ҳусну қубҳ”-и намоишҳо бармалло мешавад.

Ҳукуматҳои арзишмадор мавзӯъ ва ё масъалаҳоеро, ки барои худ арзиш эътироф кардаанд ва ё хондаанд дар давоми мавҷудияти худ талош мекунанд, он масъаларо аз як мушкил ба арзиш табдил диҳанд. Арзишгаройии давлат ё ҳукумат тафаккури арзишгаройиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад, ки ин гуна тафаккур қобилияти беҳбуд бахшидани ҳамаи фаъолиятҳоро бештар мекунад. Мутаасифона Тоҷикистон як кишвари арзишгарой нест ва ҳукумат ҳам то кунун натавониста, ки худро як ҳукумати арзишмадор рӯнамоӣ кунад. Ҳоло ҳукумати мо аз боло ба поин ва аз поин ба боло бештар хосияти намоишкориро дорад ва бештари корҳо, ҳатто корҳои ҷидии сатҳи милливу давлатӣ ба гунаи “косметикӣ”, бидуни тадқиқу баррасиҳои ҷиддӣ анҷом дода мешаванд.

Аксари ҳукуматҳои номуваффақ ҳукуматҳои намоишкоранд. Ин назарияро 100 бор ҳам озмоиш кунем, дуруст мебарояд. Дар таърих ин гуна мисолҳо зиёд аст ва имрӯз ҳам ҳукуматҳои намоишкор бештар ба таблиғи кору кардаҳои худ даст мезананд, то он ки дигарон кору кардаҳои онҳоро бибинанд ва эътироф кунанд.

Дар мо ҳам намоишкории ҷомеа ба ҳадде расида, ки масъалаҳои арзишиву роҳбурдии давлат дувумдараҷа шуда, бештар атрофи масъалаҳое идеологисозӣ мешавад, ки аз нигоҳи илмӣ ва фикрӣ барномавӣ нестанд ва дар дарозмуддат ба дарди кишвару миллат намехуранд. Дар донишгоҳҳо ҳамасола ҳудуди то 30 фоизи донишҷӯён ба корҳои намоишӣ бурда мешаванд ва онҳо маҷбуранд ҳам дар гармои тобистону ҳам дар сармои зимистон ва ё боронҳо баҳору тирамоҳ аксе ва ё рамзе дар даст дар майдонҳо ва ё макони ҷашну идҳо бидаванд. Ман, ростӣ намедонам ин ҳама беҳудакорӣ чӣ маъно дорад? Ё ба истилоҳи маъмул ин “намоишҳои театрикунонидашуда” чӣ мазмуне ва паёме барои мардум ва ҳатто худи тамошобинҳои ҳамон ҷашнҳо доранд?!

Ё истиқбол аз Президенти кишвар ҳам дар кишвар ба як сабқати шаҳру навоҳӣ табдил шудааст ва ҳар шаҳре талош мекунад, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ хубтар ва сазовортар бо корҳои намоишӣ раҳбари давлатро пешвоз бигиранд. Ҳатто аз маркази кишвар лавозимро барои дуруст кардани саҳнаву маконҳои намоишӣ мебаранд. Ҳамаи ин ба чӣ хотир бошад? Ҳоло он ки аз ҳузури Президент бояд истифодаи дуруст кард ва мушкилу проблемҳое, ки дар ҳамон шаҳру навоҳӣ вуҷуд доранд бояд ба самъи раҳбари давлат расонда шаванд, то масъулин аз ҳузури Президент шармида масъулиятҳояшонро иҷро кунанд. Вале сол аз сол ин гуна саҳнаҳо бештар бо лаҳзаҳое оро дода мешаванд, ки бештар ба Президент хушомад мезанаду касе аз мушкил ҳарф намезанад.

Вале ҳамагии мо медонем, ки то ҳукумат ба арзишгаройӣ ва ё арзишмадорӣ ҷомеа ва мардумро қаноат надиҳад тафаккури арзишгаройӣ ҳосил намешавад ва худи ҳукумат ҳам ҳукумати муваффақе эътироф намешавад. Корҳои намоишӣ дар назари аввал ва дар кӯтоҳмуддат ба руҳияи авом таъсири мусбате мегузоранд, вале чун “парда дарафтад” ва пушти парда зоҳир шавад ин таъсир аз миён меравад.

Ҳамин “қапоқап”-ҳои мансабдорони сатҳи баланди Оҷонсии зиди фасод нишон дод, ки пушти парда корҳо ба шакле нест, ки дар ҳисоботу гузоришҳо пешниҳод мешавад. Мо ҳамеша дар ҳисоботи мубориза бо фасод медидем, ки аз сатҳи кори ин ниҳод хулосаҳои мусбат пешниҳод мешуд, вале ҳоло маълум шуд, ки ин ниҳод худ ба як макони фасоду сарватғундорӣ табдил шудааст. Яъне, намоишкорие ки мешуд ба воқеияти рӯзгор мувофиқат намекунад. Ҳоло ин дар як ниҳод ва он ҳам се чор мансабдор. Агар корҳои намоишкории тамоми ниҳодҳо санҷида шавад ва мансабдорони намошкорро бишносем, пас воқеияти пушти парда барои ҳама ошкор мешавад ва он гоҳ такроран хоҳем фаҳмид, ки мо бояд думболи масъалаҳои арзишӣ бошем.

Бояд худи ҳамин мубориза бо фасод ва даст кашидан аз мансабдорони фасодкорро ба як арзиш табдил дод. Мисли ҳамин масъалаҳои зиёде ҳаст, ки бояд ба арзиш табдил дода шаванд ва ҳукумат ҳам талош кунад, ки ба ин гуна масоили арзишӣ арзишмадорона бархурд намояд. Дар ҳар сурат ҳеч ҳукумат ва ҷомеаи намоишкоре муваффақ нашудааст ва кайфияти намоишкорӣ бисёр кам аст.

Хубтар аст, ки ҳукумат аз намоишкорӣ даст бикашад ва барои арзишмадор шудан талош кунад то дар дарозмуддат ба нафъи ҷомеа тамом шавад. Ин намоишкорӣ ҳамон изофанависии маъмул дар Шӯравист, ки натиҷаи онро ҳама хуб медонад.
Мӯҳр
мехмон
Иршод изофанависи дар СССР буд , аммо намоишкори набуд! Инсон кадр дошт , мусалмонии инсофи буд, гарчанде либос мувофакат намекард. Ту ошно СССР- ро мукоиса бо имруз накун! Хак хам надори! Худат баъди пошхуриаш тавлид шудасти , синну солат ва шаклат мегуяд. Дар вакти СССР 89%- и точикон Худотарс буданд. Холо 29% !!! Мукоиса кун !!

Сталин
Муаллифи мухтарам ба СССР даст нарасон, барои он ки давлати худованди буд.

Дилшод
Дар ТҶ шахсият аз қонун болотар аст.
Ягон кори намешидани бошад муовиқи қонун бо як занги телефони ягон раис шамол барин ҳал мешавад.

Офарин Иршод! Беҳтарин матлаб- гӯше мебояд, ки шунавад ва ақле, ки кор бандад!

шахрванд
Макола хеле ба чо аст, аммо дар охир СССР-ро бадном кардан кори дуруст нест. Чизеро ки надидаи онро чи хел бахо ва тахлил мекуни? Ба СССР ягон давлат рост намеомад, барои хамин онро душманон бархам доданд. Акалан аз падару модар, бобову бибиат пурсон шав ки дар СССР чи тавр зиндаги буд?

мехмон, сталин

100 % тарафдори Шумоям

Абдулкудусмухамад
Канд занед Иршодчон чун хамеша пурмаьни услуби зебои навишт ва дарди чомеаро мегуи. Вокеан босаводи равшанфикри машьали рохнамо дар чомеаи зулмот ва албатта ки ифтихори Точикистони. Аз эчодийоти худат ба тамоми маьни меомузам ва конеь мешавам. Мардуми ЧТ аз намоишкори хаставу дилбехузуранд ва хатто касалии равони пайдо карданд.

Иршоди азиз. Устод Мехмоншоҳ дурус мефармоянд. Ин хем мукоиса хуб нест.
Шумо чавон ки хастед охирашба камтар вайрон кадед да. Меҳмоншоҳи азиз рост магуяд...

Paymon
мехмон,
Az rui kadom nishondod(statistik) 89 % -i mardum hudotars budan? Alon 29%-ro ki muajyan kardaast? Hub metavon hamin guna be foizbijoriho guft,ki mardum gulomi konun bud(na hudotars).Dar zamoni Shuravi az din nameguftan va hakikatan hushbaht ham budan...

точик
Ин Иршод гохе дар таьрифи хукумат даст мезанад гохе дар танкид ба фикрам ин вазни тарозуро нигох мекунад тахлилгари номувафак.

Кам нашавед Иршоди Сулаймонӣ!
Дар ҳакикат дуруғ, худнамошӣ, изофанависӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон ин мағзи идеологияи коммунисти аст, ки имруз дар бархе аз кишварҳои пасошурави дида мешавад. Оқибати чунин идеология танҳо хароби ва бесарусомонист. Худо нигаҳ дорад.

Шоирон мурданду ту шоир шуди? ссср ин бихишт буд он шахре ки гашту гузор дори анавайа ссср сохт кани ягонта кишлок созен ман бинам

Сталин, Кахру газабро поён фурор бародар Агар СССР -ро
надида бошад хам, аз Шумо баринхо фидоиен дурусттар мантик меронад. Шумо бошед Тут ва Бед-ро мемонед

мехмон,
шахрванд,
Сталин,
Муаллиф дар бораи собиқ Шӯравӣ дар охир як ҷумла овардааст. Он ҳам бадномкунӣ нест. Чаро ин қадар бо хашм ба ӯ дарафтодед? Шумо, ки СССРро дидаед, мард барин қоил шавед, ки он давлати аз лиҳози низомӣ абарқудратро магар дурӯғ, дуздӣ ва припискаҳо аз байн набурданд? Магар давлати "Худодод" худ бахуд ё бо оҳиста такон додан вайрон мешавад? СССРро ман дидаам! Рафъҳои холии мағозаву бозорҳо па аз солҳои 80ум ҳанӯз фаромӯшам намешавад!
Журналист Иршод ҳақнавису ростгӯ аст. Ӯ камбудии ҷомеаро натарсида, ошкор навистааст. Ку шумо дар бораи камбудиҳо чизе нависед! Тарс аз ҳукумат дар ботини шумо ҳанӯз аз замони Шӯравӣ мондааст, ки лаб мекушодӣ амният аз пасат мешуд. Магар инро фаромӯш кардед!? Монед, ҷавонон бидуни тарсу ваҳм иҷрои вазифа кунанд! Ба насли замондидаву бузург лаби кату чойи кабуд бас аст. Ба дигар чиз дахолат накунед. СССР даргуҳашт ва дигарбора зинда нахоҳад шуд. Давлати навташкили худамонро дуои нек кунед, ба ҷавонон дуо диҳед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)