Бахшҳо

Пешниҳоди манъи “sms”-ҳои пайвасткунанда ба хидматрасониҳои пулакӣ

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон пайвастшавии ғайриихтиёри бархе аз шаҳрвандонро ба хидматрасониҳои пулакии ширкатҳои мобилии кишвар ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои Иттифоқи истеъмолгарон ба ин созмон як мизоҷи ширкати мобилӣ шикоят кардааст, ки ӯро ғайриихтиёр ва бе огоҳӣ ба хидматрасонии пулакии ширкати мобилӣ пайваст намудаанд: “Ин тариқи “sms”, ки барои ҳама маълум аст, сурат гирифтааст. Маъмулан ба телефони муштариён “sms” мебиёяд ва баъзан ғайриихтиёр мизоҷ бо зер кардани тугмае хидматрасониҳои пулакии ширкатҳоро фаъол мекунад”.

Мизоҷи зарардида аз Иттифоқи истеъмолгарон хостааст, тариқи муроҷиат ба мақомоти қонунгузор пешниҳод созанд, то паҳни чунин паёмакҳоро, ки метавонанд ғайриихтиёр ё автоматӣ ба хидматрасониҳои пулакӣ пайваст кунанд, манъ намоянд.

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон изҳор доштааст, ки барои муроҷиат ба мақомоти қонунгузор, мехоҳад назари мизоҷони дигарро дар мавриди шеваҳои пайвастшавӣ ба хидматрасониҳои пулакии ширкатҳои мобилӣ бифаҳмад. Назаратонро метавонед дар шарҳи матлаби мазкур баён кунед.
Мӯҳр
Кори хуб мешава неки, даркор нест хами нагмашон.

ба фикри ман реклама кунанд мисол хизматрасонӣ агар ба саволхои футбол чавоби дуруст диҳед шумо сохиби автомашина мегардед хохиши пайваст шуданро доред пас бо шумораи мо тамос гиред мо пайваст мегардонем тел call center.хамин тавр корро пеш баранд ширкатхои мобилии тоҷикистон хеле хуб мешавад

Бо ман чунин ходиса рух дода буд. Дастам тасодуфан ба кадом ракаме расидааст, ки даррав аз тавозуни ман 3 сомонию 60 дирам ситонида шуд. Вакте, ки ман занг зада, сабабашро пурсидам, онхо гуфтанд, ки ин аз мо вобастаги надорад. Бигузор пеши рохи чунин " мошенники" гирифта шавад, ин чи нагмаи нав аст? Даркор нест барои мо чунин хизмати хирсона...

шахсан ман ризо хастам ки ширкатхои мобили реклама карда шахсони хохишмандро ба чунин хизматрасонихо пайваст намоянд. На ба восиитаи паёмакхо чунки тасодуф тугмачаро зер намиои аз хисоби мушари у хабар дорад ё не пул ситонида мешавад. Бояд барои чунин корхои гайриконуни ширкатхои мобили назди конун чавобгар бошанд. Аз баски мардуми мо саводи кофи ё ин ки аз бахри чанд сомониву дирам гузашта хаки худро даъво намекунанд аз ин ширкатхои мобили суистифодда мебаранд.

Тоҷик
Шахрванд
Пешниходи хуб ва саривакти. Провайдерхо ё операторони алокаи мобили махсус ин амалро рохандози карда, хукуки истеъмолгаронро поймол мекунанд. Ман хам чанд маротиба ба доми фиреби каллобон афтодаам. Мебинам, ки аз суратхисобам гайриихтиёри маблаг гум мешавад. Вакте ба ширкати алокаи мобили мурочиат кардам, маълум шуд, ки раками маро ба хизматрасонии пулаки пайваст кардаанд. Пешниход мекунам, ки умуман фиристодани хар гуна маёмакхо, аз чумла рекламахо манъ карда шаванд. Мо телефонро барои алока гирифтаем, на барои шунидан ё хондани рекламахои ба мо нолозим.

орип
Дигар роҳи пул кор кардан наёфтаанд аз ҳамин роҳ пул кор мекунанд ин ширкатҳо. Телефони Модари ман низ ҳаминхел шуд то фаҳмидему то хомуш кардем ки 12-сомонро хурд дар 4-руз.

рости ин кори хайру савоб мебуд зеро баъзан худи ширкатхо пайваст мекунанд ва муштари хабар надорад

Али
Фикр мекунам бахзан виктаринахои саволу чавобе ки аз тарафи ширкатзли мобили пешниход мешад чихати мусбии худро низ дорад.

Аз Билайн модарам як бор пул карз гирифтанд (бо фоиз аст), баъд фахмиданд, ки баъди ин хар боре, ки пулат аз 2 сомони кам шавад, автоматически боз ширкат карзат медодаст. Хамин дар ягон чо фахмондаги нест. Ба ширкат занг зада пурсидам, гуфтанд, ки шумо услугаро подключат кардед, аку выклучат бояд кунед. Гуфтам чи хел выключать кунам, гуфтанд, дар сайтамон бинед, хаст. Лекин на дар сайташон, на дар рекламахошон - дар ягон чо набуд. Баъд боз аз ширкат талаб карда тарзи куштанаша фахмида куштам.
Яъне ширкатхо тарзи фаъол намудани хизматрасониро реклама мекунанд, вале тарзи куштанаша пинхон медоранд. Ин хам вайрон кардани хукуки истеъмолгар аст. Харду маълумот бояд баробар пешкаш шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)