Душанбе, 31 Марта 2025
“Планетарий”-ро дар Хуҷанд хароб мекунанд (АКС)
Тахриби бинои “Планетарий” ё “Афлокнамо” дар шаҳри Хуҷанд оғоз шудааст. Он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ягона маконе буд, ки одамон имкон доштанд, ҳаракати Замину Моҳ ва сайёраҳои дигарро мушоҳида намоянд.
Моҳи августи соли 2016 маъмурияти шаҳри Хуҷанд эълон карда буд, дар ин макон барои 2 ҳазор нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мешавад. Дар баробари “Планетарий” қарор аст, толори варзишии ҷашнӣ ҳам хароб шавад. Ба иттилои манбаъ, масоҳати таваққуфгоҳ дар маҷмӯъ 91 сотих хоҳад буд.
Бинои “Планетарий” дар наздикии бозори маъруфи бозори “Панҷшанбе” ва масҷиди Шайх Муслиҳиддин қарор дошт. Он соли 1980 бунёд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |