Раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дигар “намояндаи Президент” нестанд
Бар пояи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститусионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” минбаъд раисони шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо намояндаи Президент ба ҳисоб намераванд. Онҳо акнун ҳисоботдиҳанда дар назди раисҷумҳуранд.
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 18 май аз тағийрот ба ин қонун ҷонибдорӣ намуд. Муҳаммадюсуф Саидалӣ, узви Маҷлиси миллӣ аснои баромади худ изҳор дошт, ки тағийротҳо ба ин қонун асосан ба бартарафсозии ихтилофоти қонунгузорӣ ва таҳрирӣ дахл дошта, номутобиқатии меъёрҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад.
Маҳмасаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, дар баробари дигар тағйирот, дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ки аз ин ба баъд раисони шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо намояндаи Президент ба ҳисоб нарафта, балки дар назди раисҷумҳур ҳисоботдиҳанда ҳастанд.
Дар ҷаласаи имрӯзи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 52 масъала мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ пазируфта шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |