Бахшҳо

Котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум» аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз дар беморхонаи «Қарияи боло»-и шаҳри Душанбе дили боз як журналисти тоҷик, котиби масъули нашрияи «Садои мардум» Абдураззоқ Салимзода аз тапидан бозмонд.


Бино ба иттилоъе, ки алъон рӯйи даст дорем, Салимзода рӯзи 12-уми декабр бо иллати бемории сактаи қалбу майнаи сар ба касалхона интиқол ёфта буд. Табибон вазъи саломатии журналистро вазнин арзёбӣ карда, талоши муолиҷаи ӯро доштанд, аммо дар пайи муолиҷаи ӯ оҷиз монданд. Соати 8-у 30 дақиқаи имрӯз, 16-уми декабр рӯзноманигор дар бистари беморӣ аз дунё даргузашт.Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш, ноҳияи Мастчоҳ доир мешавад.

Ҳолнома: Олимов Розиқ Салимович (Абдураззоқ Салимзода) 24-уми марти соли 1963 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияро хатм карда, фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1991. Хизмати ҳарбиро дар ҳайати нерӯҳои низомии ИҶШС дар қаламрави Афғонистон (1981-1983) адо намудааст

Фаъолияти меҳантиашро дар соли 1985 ба ҳайси челонгар ва баъдтар ба симмати хабарнигори рӯзномаи «Бофанда»-и корхонаи нассоҷии Душанбе шурӯъ карда, соли 2002 барои кор ба нашрияи ҲХДТ- «Минбари халқ» даъват гардид. То сентябри 2011 дар ин ҳафтанома котиби масъул шуда кор мекард. Аз сентябри 2011 то дами маргаш вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба зимма дошт.

Бо ифтихорномаи «Президиуми Шӯрои Олии СССР» ва якчанд нишону медалҳо ҳамчун сарбози интернатсионалист қадрдонӣ шудааст. Узви ИЖТ ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон буд.

Рӯҳат шоду манзили охиратат обод, ҳамқалами азиз!

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)