Убайдуллоев: Ҳарчанд гуфтем, худамон намунаи ибрат бошем, нашуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз, 18-уми май зимни баррасии тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ аз пурра риоя нашудани талаботи ин қонун изҳори нигаронӣ кард.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷараёни ҷаласаи палатаи болоии парлумон хабар дод, Убайдуллоев дар мавриди риояи танзими ҷашну маросимҳо гуфт, мақомдорон худашон намунаи ибрат барои мардум нашуданд: “Ҳарчанд гуфтем, ки биёед худамон намунаи ибрат шавем, нашуд”.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси миллӣ бо гузашти 10 сол ҳанӯз ҳам талаботи ин қонун пурра иҷро намегардад. Ӯ пешниҳод кард, ки минбаъд ҳар як узви Маҷлиси Миллӣ дар ҳавзаҳои худ фикру андешаҳои мардумро фаҳмида, омӯзад ва ба дастгоҳи палатаи болоии парлумон пешниҳод намояд.
Масъалаи нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз сӯи мансабдорон ахиран норозигии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро низ дар пай дошт ва ӯ гуфт, аллакай чанд мансабдорро озод кардаасту назорати ин масъала пурзӯр мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |