Ӯ бар ин назар аст, ки: «Ҳар касе дар зиндагӣ як дӯст пайдо кард, ӯ хушбахттарин аст. Дӯст инсоне, ки ҳамеша бо туву дар дилу хаёлҳои туст. Ба ҷуз Худо касе ин рисолатро барои ман анҷом дода наметавонад. Дӯстоне, ки мо дар назар дорем, рафиқанд. Бузургии миллати мо ин аст, ки калимаи «дӯст»-ро дорад ва пеши ҳар инсон вазифаи бузург - ёфтани дӯстро гузоштааст».
Фахриддини Холбек (Фарҳоди Милод) боз ҳам дар мавриди лаҳазаҳои хуши зиндагӣ сӯҳбат карда меафзояд: «Ман бештар лаҳзаҳоеро ба хотир меорам, ки бо модарам будам. Ҳоло ҳам лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиам дар канори модарам будан аст. Ягона орзуям ҳам дар канори модар будан аст. Ҳатто дар назди ӯ ҳам ба ёдаш дилам гум мезанад»...
Тафсилоти бештар аз сӯҳбат бо журналист ва овозхони тоҷикро аз ин нишони дарёфт намоед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16077
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |