Оҷонсии зидди фасод, “амвол”-и пинҳони вазиронро ошкор мекунад (ВИДЕО)
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон масъул шудааст, то дуруғгӯии аъзои ҳукумат ва пайвандонашонро дар бораи дороии онҳо ошкор кунад.
Амрихудо Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми май дар ҳошияи ҷаласаи парлумон ба хабарнигорон гуфт, Оҷонсии зидди фасод метавонад, санҷад, ки то куҷо эъломиҳояи пешниҳодкардаи аъзои ҳукумат ва оилаи онҳо дурусту воқеӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, нафароне ҳастанд, ки дороияшонро пурра нишон намедиҳанд ва муқаррароти нав дар қонунгузорӣ барои боз ҳам баланд бардоштани масъулиятнокии аъзои ҳукумат аст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 17-уми тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки бар асоси он аъзои ҳукумат ва аъзои оилаи онҳо муваззафанд, ки ҳар сол эъломияи молу мулкашонро пур кунанд ва ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз раис, сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |