Вазир: Дар САҲШ танҳо ҳуқуқшиносҳо кор хоҳанд кард
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, тағйирот ба қонунгузории кишварро муаррифӣ кард, ки бар асоси он минбаъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, “САҲШ”, танҳо афроде ҳаққи кор кардан доранд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд.
Рустами Шоҳмурод, имрӯз, 17-уми май зимни муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” гуфт, ҳадаф аз ин тағйирот беҳтар намудани сифати хидматрасониҳо дар идораҳои САҲШ мебошад.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон аз вазири адлия дар мавриди тақдири афроде суол кард, ки феълан дар идораи САҲШ кор мекунанд, вале маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд.
Дар посух Рустами Шоҳмурод бори дигар ба зарурати беҳбуди хидматрасониҳо ба шаҳрвандон таъкид карда, афзуд, ба онҳое, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, имкон дода мешавад, то дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кунанд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасӣ тағйиру иловаҳои мазкурро қабул намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |