Бахшҳо

Имрӯз дар масҷиди «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат намози ҷумъа баргузор намешавад

Дар ин бора, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,яке аз дигар бародарони Эшони Нуриддинҷон ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, ки то чанд рӯзи пеш имом-хатибии масҷиди мазкурро ба зимма доштанд, иброз кард.


Номбурда, пас аз фориғ шудан аз бозпурсии додситони шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз зӯҳри дирӯз, 15-уми декабр сурат гирифт, ин суханонро дар ҳузури хабарнигорон ироа кард. Ӯ гуфт, аз намозгузорон даъват мекнуем, ки рӯзи 16 декабр барои адои намози ҷумъа ба масҷиди “Муҳаммадия” наоянд, зеро бо дастури Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти ин масҷид барои се моҳ мутаваққиф шудааст.Яъне, дар ин масҷид адои намози ҷумъа мамнӯъ шуда ва Эшони Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо аз симати имом-хатибони масҷид барканор шудаанд.

Ёдрас менамоем, додситони ноҳияи Ваҳдат рӯзи панҷшанбеи 15 декабр бозпурсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро оғоз карда, ин пурсиш пушти дарҳои пӯшида ҷараён гирифт. Тибқи иттилои расмӣ ин амр пас аз шикояти бархе аз масъулини мақомоти кишвар алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо сурат гирифтааст. Рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба ин хонавода мутааллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси ноҳияи Ваҳдат изҳори норизоиятӣ карда ва ба иддаои онҳо “алайҳи мақомоти ҳукуматӣ беэҳтиромӣ зоҳир шуд ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд,   Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони ноҳияи Ваҳдат, рӯзи 15-уми декабр зерҳимояи ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Ҷаноби прокурор гуфтааст, ки додситонӣ алайҳи бародарон парвандаи ҷиноӣ боз накардааст, вале дар пайи шикояти бархе аз мақомот барои таҳқиқи ин қазия мавод ҷамъоварӣ мекунад.

Тавре қабалан ҳам иттилоъ дода будем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.

Ҳамзамон, бо гузашти чанд рӯз, аниқтараш рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр, Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси шаҳри Ваҳдат ба ин масҷид ташриф оварданд, аммо ба гуфти онҳо аз ҷониби эшон гарм истиқбол нашудаанд ва нисбати масъулини ҳукумат беэҳтиромӣ зоҳир карда шудааст.

Мӯҳр
нурулло
магар онхо лоики эхтироманд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)